Зани дуздро дар бозор урён карда, заданд (Видео)

Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки дар он издиҳоми як зани ҷавони гумонбар ба дуздиро дар яке аз бозорҳои Узбекистон худсарона ҷазо медиҳанд. Як гурӯҳи занон либосҳои ин занро аз танаш кашида, урёнаш мекунанд ва аз мӯи сараш мекашанду бо дасту по ӯро мезананд.

Дар видео дида мешавад, издиҳом зани гумонбар ба дуздиро печонда, либосҳояшро аз тани ӯ мекашад, ҳақоратборон мекунанд, аз мӯи сараш мекашанд, латукӯб мекунанд ва ин зан дар муҳосира бо ҳарду даст куртаашро маҳкам доштааст, ки аз дасташ нагиранд.

Видеои нашршуда дар Интернет вокунишҳои мухталиферо ба миён овардааст.

Як гурӯҳ аз муҷозоти ин зани гумонбар ба дуздӣ пуштибонӣ карда, навиштаанд, дар замони қадим барои дуздӣ метавонистанд дасташро бибуранд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, чунин ҷазо, ҳатто агар худсарона бошад ҳам, барои дуздони дигар як дарси ибрат мешавад.

Вале гурӯҳи дигар навиштаанд, ки аз тамошои ин видео ба даҳшат афтодаанд. Онҳо менависанд, вақте издиҳом нақши қозиро ба дасти худ мегирад, оқибати хубе надорад. Ба ақидаи ин гурӯҳ, бозорнишинҳо мебоист ин зани гумонбар ба дуздиро ба дасти пулис месупурданд ва агар дуздиаш исбот мешуд, ӯро тибқи қонун ҷазо медоданд.

Вале гурӯҳи дигар дар посух навиштааст, то куҷо фасодкор будани милиса дар Осиёи Марказӣ аз касе пӯшида нест ва агар ин занро ба мақомот месупурданд, ҳатман бо пардохти ришвае халос мешуд ва ба амали бадаш давом медод.

Шумо дар ин бора чӣ назар доред? 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *