Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Зуҳури «Маҳдии Охирзамон»

Як шаҳрванди Афғонистон, ки ному насаби аслиаш маълум нест, тайи як изҳороти видиоӣ дар сомонаи фейсбук иддаъо мекунад, ки ӯ «Охирин Халифаи Худо, Маҳдии Охирзамон» аст.

Ин изҳороти як шаҳрванди Кобул сарусадои зиёдеро дар торномаҳои  интернетӣ ба бор овард ва тарафдорону мухолифони зиёде пайдо кард.

Ин шахс ибтидо дар Фейсбук ба исми «Маҳдии Охирзамон» саҳифа боз карда, тариқи он изҳорот пахш мекард ва баъди андаке саҳифааш аз ҷониби Фейсбук масдуд гардид.

Як нафар аз шефтагони «Имоми охирзамон» менависад, ки «Имоми замон зуҳур кард! Эшон мақсадҳои худро ибтидо тариқи Фейсбук ироа мекард, аммо аз ҷониби душманон (Ваҳҳобиён) ба раҳбарияти Фейсбук шикоят шуда саҳифааш масдуд гардид.» Ва пешниҳод мекунад, ки Имом аз тариқи равзанаи нав ба алоқа барояд.

Аммо бештари аз корбарони Фейсбук ба ин марди кобулӣ нафрин мефиристанду ӯро иҳонат мекунанд.

имом махди 3  имом махди 2

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.