Решаҳои худро фаромӯш накардаем
Мусоҳиба бо муовини Президенти Қазоқистон ва раиси Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон Акбарҷон Исмоилов
Ҳашт сол аст, ки мардуми Қазоқистон аввалин рӯзи баҳорро ҳамчун “рӯзи шукргузорӣ ё шукрона” пешвоз мегиранд. Ин санаро асосан онҳое таҷлил мекунанд, ки аз миллатҳои гуногун ҳастанд ва аксаран баъди солҳои 30-юми асри гузашта дар пайи таъқибу фишор ба ин кишвар омадаву муқимӣ гаштаанд. Аз ҷумла тоҷикон.
Ҳоло дар Қазоқистон беш аз 130 халқиятҳои гуногун ва пайрави дину оинҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд. Ин миллатҳоро Ассамблеяи халқи Қазоқистон муттаҳид мекунад, ки раҳбарии онро Қосимҷомарт Тоқаев, Президенти Қазоқистон ба дӯш дорад. Ин ташкилот 1-уми марти соли 1995 таъсис ёфтааст. Аз моҳи апрели соли 2023 Акбарҷон Исмоилов, Раҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон ҳамчун муовини раиси Ассамблея интихоб гардид.
1-уми марти имсол бахшида ба “Рӯзи шукргузорӣ” маросими бошукӯҳ доир шуд. Дар ҷараёни он Акбарҷон Исмоилов ба ду оилаи камбизоат хонаҳои нави истиқоматӣ тақдим кард. Дар ин бора чандин расонаҳои Қазоқистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанду аҳсан гуфтанд.
Баъди нашри ин хабар мо бо Акбарҷон Исмоилов тамос гирифтем ва дар бораи фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон суҳбате оростем.
Акбарҷон Исмоилов аз номи тоҷикони Қазоқистон ба ду оилаи ниёзманд хона тӯҳфа мекунад
Сипосномаи халқи тоҷик
— Тақдими ду хонаи истиқоматӣ ба оилаҳои камбизоат ташаббуси кӣ буд ва аз ҳисоби маблағи кӣ харидорӣ гардиданд?
-Ҳамасола 1-уми март дар “Рӯзи шукргузорӣ” ҳама халқияту миллатҳои Қазоқистон ба корҳои хайриявии худ ҳусни оғоз мебахшанд. “Корвони хайривӣ” ба сафар мебарояд ва як сол давом мекунад. Ин рӯзро ба таври дигар рӯзи “Алғис Айту Кунӣ” яъне рӯзи сипосгузорӣ мегӯянд. Дар бораи он Фармони расмии Президент ба тасвиб расидааст. Дар ин рӯз мо хостем сипосномаи тоҷикони Қазоқистонро ба халқи қазоқ ба ин шева изҳор кунем. Ду оилаи серфарзандеро, ки расман дар қайди давлат барои кумак гирифтан навбат истода буданд, ба маърака даъват кардем ва ғайриинтизор барояшон ду хонаи истиқоматӣ додем. Ин хонаҳоро ман аз ҳисоби худам харидорӣ карда будам, вале онро аз номи кулли мардуми тоҷики Қазоқистон ҳадя кардем.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Акбарҷон Исмоиловро ба Президенти Тоқикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мекунад
Тоҷикони Қазоқистон
— Чунин иқдомҳо ба ҳаёту фаъолияти тоҷикони Қазоқистон ва муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонанд?
— Дар инҷо бояд каме аз таърих ёд кунам. Шумо шояд огоҳ ҳастед, ки аз солҳои 1937 то 1952 халқҳои гуногун, ба мисли тоҷику ӯзбек, ингушу чечен, тотору дигар миллатҳо дар шароиту вазъи душвор ба ин кишвар омаданд. Ҳарчанд он солҳо барои мардуми қазоқ ҳам солҳои душвор буд, аммо розӣ шуданд, ки як пораи заминашонро ба ин халқу миллатҳо диҳанд. Дар хонаашон ҷой кунанд, то аз азобу уқубат раҳо ёфта, ризқу рӯзиашонро ёбанд. Бобоҳои мо асосан ба ҷануби Қазоқистон, ҳозира вилояти Туркистон, ноҳияи Мақтаарал ҷойгир шуданд. Мӯйсафедҳои қазоқ онҳоро ба хубӣ пешвоз гирифта ва баъд ёру бародар шудаанд. Дӯстии онҳо ба мо, яъне фарзандҳо ҳам гузашт. Ҳатто чандин қазоқҳо ба эҳтироми тоҷикон номҳояшонро ба тоҷикӣ гузоштаанд ва ҳамчун шогирд дар назди бобоҳои мо илми динро омӯхтаанд. Мо дар ҷавоб бояд ба онҳо раҳмат гӯем. Сипоси худро бо амаламон низ бояд нишон диҳем. Вақте ин корҳоро мекунем, онҳо дар симои тоҷикони муқимӣ ба муҳоҷирони тоҷик низ эътибори хоса зоҳир мекунанд ва эҳтиром менамоянд.
— Ду сол пеш Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон расман таъсис ёфт. Дар ин муддат чӣ навгониҳо шуданд?
— Дар давоми ду соли фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон 11 филиалҳои онро дар дохили биноҳои Хонаи Дӯстии ҳама шаҳру маркази вилоятҳои Қазоқистон боз кардем. Дар он ҳама рамзу муқаддасоти таърихии тоҷикиро ҷамъ овардаем ва ҳар меҳмоне ояд, бо дили пур ба онҷо мебарем. Масалан, 21-уми майи соли 2023 Ҳалима Яъқуб, Президенти Сингапур ба шаҳри Остона сафари давлатӣ анҷом дод ва ман ҳамчун муовини Қосимҷомарт Тоқаев ӯро аз фурудгоҳ қабул карда, чанд мавзеи таърихӣ ва аз ҷумла хонаи тоҷиконро нишон додам. Таоми тоҷикиро бо ҳам тановул кардем ва ҳамчун рамзи меҳмондорӣ барояш як дутори тоҷикиро туҳфа намудам. Муҳим аз ҳама, ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ, тоҷикони Қазоқистон дар ҳама самтҳои фаъолият дида мешаванд. Шуруъ аз омӯзгорию табибӣ то сатҳи баланди корҳои ҳукуматӣ. Ҳоло танҳо дар ҷануби Қазоқистон 12 мактаби тоҷикӣ дорем. Раҳбарони марказҳо дар вилоятҳо бо раисон ва шахсони масъул кор мекунанд. Дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ бо либоси миллии худ баромадҳо мекунанд ва дар телевизионҳо нишон медиҳанд. Дар доираи гӯшаҳои тоҷикӣ дарсҳои хештаншиносӣ гузаронида мешавад.
Акбарҷон Исмоилов бо президенти Сингапур Ҳалима Яъқуб дар Маркази тоҷикон
Ёрӣ ба муҳоҷирон
— Солҳои охир муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳам зиёд шуданд. Дар бораи кору зиндагии онҳо чӣ хабар доред?
— Муносибат бо онҳо хуб аст. Агар қонунвайронкунӣ накунанд ва дар доираҳои қоидаҳои давлатдорӣ кору зиндагӣ кунанд, ба онҳо ҳеҷ кас кор надорад. Ман дар мусоҳибаҳои пешинаам гуфта будам, ки назар ба Русия, муомилаи халқи қазоқ ба тоҷикон хеле хубтар аст, паст задан нест.
— Маркази шумо ба муҳоҷирони тоҷик чӣ кумакҳо карда метавонад?
-Масалан, агар муҳоҷирон дар сохтмонҳо ва ё роҳҳо ба садама дучор шаванд, мадад мекунем, то табобат гиранд ё ба Тоҷикистон раванд. Ягон нафарашон вафот кунад, мо соҳибкорони тоҷик ҷамъ шуда, ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳоро анҷом дода, барои фиристодани тобутҳо ёрӣ мерасонем. Танҳо соли гузашта ба беш аз 50 нафар тоҷикони фавтида ёрӣ кардем.
Густариши тиҷорат
— Як самти фаъолияти шумо тиҷорат аст. Ҳоло вазъи тиҷорат байни ду давлатро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Тиҷорати банда дар самти сохтмони биноҳои баландошёна аст. Ҳамчунин, ба содироти гандум низ сарукор мегирам. Бо тоҷирони Тоҷикистон ҳам ҳамкории ҳамкории тиҷоратӣ дорам.
— Баъди ҷанги Русия бо Украина вазъи содироти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон чӣ гуна аст?
— Ҳарчанд соли гузашта сифати гандуми қазоқӣ каме коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро таъмин кард. Қазоқистон ҳамасола аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебарояд. Дар ин самт мушкилӣ нест.
— Соли гузашта нархи маводи сӯзишворӣ, ба мисли бензину газ ва дизел дар Тоҷикистон гарон шуд. Оё дар ин самт имкони ҳамкорӣ вуҷуд дорад?
— Арзону гарон шудани сӯзишворӣ ба содироти мо вобаста нест. Ин вазъ ба таваррум (инфлятсияи пул) ва таҳримҳои Русия вобаста аст.
Акбаҷон Исмоилов бо Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев
Шиносоӣ бо Президент
— Тобистони соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо ҳайати калон ба Қазоқистон сафар карданд ва барномаву намоишҳои калони фарҳангиву кишоварзӣ ташкил гардид. Онро мардуми Қазоқистон чӣ гуна қабул карданд?
— Воқеан ин як рӯйдоди таърихӣ барои ҳарду давлати дӯсту бародар буд. Ман аз даврони Истиқлол ёд надорам, ки то ба ин сатҳ рӯзҳои фарҳангии ягон кишвари дунё дар Қазоқистон доир шуда бошад. Аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ ва созу суруди тоҷикӣ тамоми мардуми қазоқ ба ваҷд омаданд ва лаззат бурданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон нафақат дар сухан, балки дар амал обрӯи тамоми тоҷиконро дар ҷаҳон баланд карданд. Ман ҳам тавассути нашрияи шумо сипоси худам ва тоҷикони Қазоқистонро ба Ҷаноби Олӣ мерасонам.
Як рӯйдоди дигари муҳим барои ман он буд, ки дар ин сафар Қосимҷомарт Тоқаев маро ҳамчун муовини худ ба Президенти Тоҷикистон муаррифӣ карданд. Ин иқдом ба вазъи тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони тоҷик бетаъсир намемонад.
— Дар остонаи ҷашни Наврӯз қарор дорем. Марказҳои шумо чӣ омодагӣ доранд?
— Ҷашни Наврӯзро тоҷикони Қазоқистон мисли Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Ҳама урфу одатҳо ва маросимҳоро ба ҷо меоранд, хӯрокҳои наврӯзӣ мепазанд ва чорабиниҳои фарҳангиву бозиҳо дар сатҳи олӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло телевизионҳои давлатӣ Наврӯзи тоҷиконро сабт карда истодаанд. Мо ин ҷашни ниёгони худро фаромӯш накардаем.
Тарҷумаи ҳол: Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон таваллуд шудааст. Таҳсили миёнаро дар шимоли Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм кард. Ба соҳибкорӣ машғул аст. Ӯ бунёдгузори се ширкати тиҷоратӣ мебошад. Аз соли 2017 то 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбари Маркази ҷумҳуриявии тоҷикони Қазоқистон аст. Моҳи апрели соли 2023 Акбарҷон Исмоилов, муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон интихоб гардид.Соли 2023 Президенти Қазоқистон ба ӯ ордени “Ваҳдати мардум”-ро тақдим намуд.
Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ