футбол

Резаахбор: Аз 16 голи Ҷалилов то мусобиқаи ҷудои Tokyo Grand Slam

Ҳамлагари 32-солаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон гардид. Ҷалилов дар солҳои 2015, 2016 ва 2021 низ беҳтарин нишонзани лигаи олӣ шуда буд. Дар ин мавсим Манучеҳр Ҷалилов ба задани шонздаҳ гол даст ёфт. Дилшод Бозоров («Эсхата») бо 13 гол дуюм, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол») бо 12 гол сеюм шуданд.

***

Эҳсони Панҷшанбе, футболбози тоҷик ва бозингари тими миллии Тоҷикистон дастаи «Зуб Оҳан»-и Эронро тарк кард. Эҳсон моҳи июли соли 2022 аз дастаи «Навбаҳор»-и Ўзбекистон ба «Зуб Оҳан» пайваста буд. Ў бозиро аз дастаи «Истиқлол» (Душанбе) оғоз карда, солҳои 2016-2020 дар ин тим ҳунарнамоӣ кардааст. Баъд ба тими «Навбаҳор»-и Ўзбекистон гузашт ва ду мавсим (2020-2022) бозӣ кард.

***

Сайри ҷаҳонии ҷудо боз як истгоҳи дигар дорад, ки ин Гран-при Душанбе аст. Замони баргузории мусобиқаи Душанбе ҳанўз маълум нест. Тоҷикистон моҳи октябрро пешниҳод кардааст, аммо ҳоло Федератсияи байналмилалии ҷудо онро тасдиқ карда наметавонад. Баргузории Гран при Душанбе дар соли 2023 оғоз ёфта ва ҳамин тавр то соли 2026 баргузор хоҳад шуд.

***

Дар кишвари Ҷопон мусобиқаи ҷудои Tokyo Grand Slam баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони Тоҷикистон ширкат мекунанд. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни -66 кг, Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни — 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг ширкат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *