Резаахбор: Аз 996 имтиёзи футзал то рақобати Раҳимов бо бритонӣ
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ мавқеашро дар байни 118 кишвар бо 996 имтиёз дар ҷойи 50-ум нигоҳ дошт. Тоҷикистон дар байни дастаҳои Осиё мақоми 11-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон, Ҷопон, Ӯзбекистон, Тайланд ва Австралия дар панҷгонаи беҳтарин қарор доранд. Ҷойҳои минбаъдаро Индонезия, Ветнам, Ироқ, Қирғизистон ва Кувайт соҳиб шудаанд. Дар рейтинги нави ҷаҳонӣ Бразилия аввал, Испания дуюм ва Португалия сеюм шудаанд.
***
Аз 20-уми май то 11-уми июн дар кишвари Индонезия Ҷоми ҷаҳонии футбол-2023 миёни дастаҳои мунтахаби то 20-сола баргузор мегардад. Дар мусобиқа 24 дастаи беҳтарин аз тамоми олам ширкат хоҳанд кард. Осиёро дастаҳои Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Ироқ, ки пас аз роҳ ёфтан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ин роҳхатро соҳиб шуданд, намояндагӣ мекунанд. Дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 натавонист аз гурӯҳ ба даври дигар роҳ ёбад.
***
Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷудои Тоҷикистон миёни ҷавонон баргузор шуд, ки дар он 200 варзишгари 9 даста аз Душанбе, Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ дар 8 вазн ширкат карданд. Дар вазни 50 кг Гадоев Меҳроҷиддин, 55 кг Қутбиддинов Лоиқ, 60 кг Бобокалонов Ёсин, 66 кг Назаров Ворис, 73 кг Амирҷони Абдулфаёз, 81 кг Бурҳонов Исмоил, 90 кг Сулаймонов Баҳоваддин, +90 кг Устопиров Фараҳманд пирӯз шуданд.
***
Чемпиони ҷаҳон дар намуди IBF дар вазни дуюми нимсабук Шавкат Раҳимов (17-0-1) бо бритонӣ Ҷозеф Кордина (15-0) рақобат мекунад. Ин набард рӯзи 22-юми апрел дар Уэлс баргузор мешавад. Раҳимов унвони холишудаи IBF-ро моҳи ноябри соли гузашта дар набард бо муштзани бритонӣ Зелф Баррет соҳиб шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ