футбол

Резаахбор: Аз бозиҳои Ҳисор то сафари расмии Инфантино

Аз 26-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2024 миёни дастаҳои духтаронаи то 17-сола дар гурӯҳи «Е» оғоз шуд. Мусобиқа то 30-юми апрел идома меёбад. Барои дарёфти як роҳхат ба даври дуюми интихобӣ се даста аз Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳонконг мубориза мебаранд. Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ баргузор мешаванд.

***

Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал оғоз шуд. 13 даста барои ду роҳхат ба лигаи олии мавсими соли 2024 мубориза мебаранд. Дар вохӯрии байни дастаҳои «Истаравшан» — «Панҷшер» ҳисоби мусовии 0:0 ба қайд гирифта шуд, аммо бозии дастаҳои «Душанбе» — «Ориён» ва «Ҳулбук» — «Барқчӣ» бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом ёфт. «Равшан» (Зафаробод) аз «Сарҳадчӣ» бо ҳисоби бузурги 1:5 мағлуб гардид, «Парвоз» бар «Саройкамар» бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуд.

***

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё байни ҷавонони то 18-сола, ки рӯзҳои 27-30-юми апрел дар Тошканд баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё Диана Абдуллоева, Тимур Диордитса, Лутфулло Насруллоев, Нигора Амирхон, Ҳусейн Кӯлоб, Машраб Қурбонов, Самирҷон Замонзода ва Бобоҷон Бобоев намояндагӣ мекунанд. Дар чемпионат иштироки 424 варзишгар аз 29 кишвари қора дар назар аст.

***

Президенти FIFA Ҷаннӣ Инфантино ва президенти AFC Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меоянд. Раҳбарони созмонҳои футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаҳои рушди футболро дар кишвар баррасӣ хоҳанд кард. Ҷаннӣ Инфантино ва Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 2-юми май дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *