Резаахбор: Аз бозии бидуни гол то заминларзаи Туркия
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бо ҳамсолони худ аз Ўзбекистон бозии дўстона анҷом дод, ки бидуни гол ба анҷом расид. Ҷавонон пештар бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0), бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирўз шуданд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Ўзбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) мағлуб гардида буданд.
***
Довари FIFA аз Тоҷикистон Гулмуроди Саъдулло дар бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон (U-20), ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ўзбекистон баргузор мешавад, ба ҳайси довар таъйин гардидааст. Ёвари довари FIFA Вафо Қараев ва сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев барои доварон ба ҳайси инструктори фитнес дар чемпионати Осиё байни ҷавонон кор хоҳанд кард.
***
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии 27-уми Ҷоизаи президенти Белорус се медал ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа се варзишгари тоҷик ширкат карданд. Акмалиддин Каримов дар самбои варзишӣ дар вазни 64 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ду паҳлавони дигар — Меҳрубони Абдулҳақ ва Шерзод Неъматуллоев яке дар вазни 71 ва дигаре 88 кг дар самбои размӣ низ соҳиби медали нуқра шуданд.
***
Капитани дастаи мунтахаби ҳандболи Туркия Ҷамол Куюдяҳё ва писари панҷсолааш Чинор аз зери вайронаҳои заминларзаи рўзи 6-уми феврал дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш мурда пайдо шуданд. Ҳамсари Ҷамол Пелин Куюдяҳё, ки дар чорум моҳи ҳомила аст ва модарзанаш Нуртан Мутлу, ки дар зери ин вайронаҳо мондаанд, то ҳол пайдо нашудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ