Резаахбор: Аз футболи бонувон то ниммарафони Душанбе
То 11-уми апрел дар шаҳри Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон ширкат мекунанд. Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд ва онҷо панҷ дастаи беҳтарини Осиё — Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба мубориза ҳамроҳ мешаванд.
***
Дастаи “Бухоро”-и Ӯзбекистон қарордоди ҳамкориро бо мутахассиси тоҷик Ҳаким Фузайлов бо розигии тарафайн қатъ кард. Гуфта мешавад, ки сабаби пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани шартномаи ҳамкорӣ вазъи саломатии мутахассиси тоҷик арзёбӣ мешавад. Ўро мутахассиси ўзбек Улуғбек Бақоев иваз мекунад. Дастаи «Бухоро» таҳти роҳбарии Ҳаким Фузайлов ба Суперлигаи Ӯзбекистон баромад.
***
Рӯзҳои 7-9-уми апрел дар Қазоқистон Ҷоми кушоди ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад. Ба мусобиқа миёни наврасон 274 варзишгар аз 10 кишвар ва миёни ҷавонон 283 варзишгар аз 9 кишвар даъват шудаанд. Аз Тоҷикистон миёни наврасон дар вазни -50 кг Меҳроҷиддин Гадоев, -55 кг Лоиқ Қутбиддинов, -66 кг Ворис Назаров, -73 кг Аминҷон Абдуҷалилзода, -81 кг Исмоил Бурҳонов, -90 кг Баҳоваддин Сулаймонов, +90 кг Фараҳманд Устопиров, миёни ҷавонон дар вазни -60 кг Саъдӣ Маҳмадов, -73 кг Абубакр Шеров, -81 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, -81 кг Сайфиддин Сайфиддинзода, -90 кг Умедҷон Раҷабов, +100 кг Иброҳимҷон Элмуродов ширкат хоҳанд кард.
***
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории Ниммарафони навбатии XIII байналмилалии Душанбе дар рӯзи 15-уми апрел қарор ба имзо расонд. Ниммарафони анъанавии байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад. Барои ҳавасмандсозии ғолибони ниммарафон аз буҷети шаҳр зиёда аз 552 120 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Аз ҳамаи бародаршаҳрҳои Душанбе давандагон ба ниммарафон даъват карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ