футбол

Резаахбор: Аз пирӯзии «Истиқлол” то бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024

Дар даври 9-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон “Истиқлол” дар сафар бар «Ҳосилот» пирўз (0:1) шуд ва “Эсхата” бо ҳамин ҳисоб бар «Кўктош». “Файзканд” бо “Равшан”-и Кўлоб дар ноҳияи Рўдакӣ мусовӣ (0:0) бозӣ кард. КМВА ва “Регар-ТадАЗ” дар шаҳри Душанбе дар як бозии баҳсбарангез имтиёзҳоро тақсим (0:0) карданд. “Хуҷанд” аз дастаи “Хатлон” шикаст (0:2) хўрд. Марҳилаи аввали чемпионат ба охир расид. «Истиқлол» ва «Эсхата» дар ҷойҳои авваланд.

***

Аз 2 то 4-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо — Dushanbe Grand Prix 2023 баргузор мешавад. Dushanbe Grand Prix 2023 дар доираи мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии ҷудо”-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Дар он иштироки варзишгарони беш аз 50 кишвар дар назар аст. Макони баргузории мусобиқа “Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзишҳои обӣ”-и шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст.

***

Аз 21 то 28-уми май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад. Ин мусобиқа марҳилаҳои охирини омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Тайланд баргузор мешавад. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳои ҷавонони Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунанд.

***

Конфедератсияи футболи Осиё 11 кишвар — Тоҷикистон, Ўзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, Урдун, Курёи Ҷанубӣ, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Тайланд ва Вйетнамро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) интихоб кардааст. Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола аз 4 то 12-уми сентябри соли 2023 баргузор мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *