футбол

Резаахбор: Аз таъхири Лигаи минтақавии ҷудо то чемпионат дар Аргентина

Марҳилаи финалии мусобиқаи байналмилалии Лигаи минтақавии ҷудо ба таъхир гузошта шуд. Мусобиқа байни 7 клуб аз Русия ва 1 клуб аз Тоҷикистон, ки 8-уми июл ба нақша гирифта шуда буд, аввали зимистон дар Маскав баргузор мешавад. Дар он дастаҳои «Ахмат» (Грозний), СОРБИС (Маскав), “Урал-Сибири Ғарбӣ”, “Родина” (ҳар ду аз Екатеринбург), “Локомотив Грин Хилл” (Налчик), “Явара-Нева” (Санкт-Петербург), «Ҳоҷӣ Шариф» (Душанбе) ва «Динамо» (Уфа) иштирок мекунанд.

***

21-уми май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон марафони миллии дав ва пойгаи дучархаронӣ баргузор шуд. Дар марафони дав 53 ҳазору 700 нафар ва дар пойгаи дучархаронӣ 1560 кас ширкат карданд. Марафони миллии дав ва пойгаи дучархаронӣ дар пойтахт аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, маҳали ниҳоии он «Наврўзгоҳ» буд. Ин 16-уми фасли марафони миллии дав буд.

***

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати бошгоҳи футболи «Персеполис» қаҳрамони Эрон шуд. Дар даври ниҳоии чемпионати Эрон «Персеполис» дар меҳмонӣ бар «Нассоҷии Мозандарон» (4:0) пирўз шуд. «Персеполис» дар 30 бозӣ бо 66 имтиёз ғолиби чемпионат гардид. Бозигарони «Сипоҳон» соҳиби медалҳои нуқра (65 хол) ва дастаи «Истиқлол» (62 имтиёз) барандаи нишони биринҷӣ гардиданд.

***

Дар кишвари Аргентина Чемпионати ҷаҳонии футбол байни дастаҳои ҷавонон идома дорад. Дар ин мусобиқа аз Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Ўзбекистон ширкат дорад, ки дар бозии аввал аз дастаи Аргентина бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд. Дар бозии дуюм ҷавонони Ўзбекистон дар як бозӣ бо Зеландияи Нав бо ҳисоби 0:2 мағлуб мешуданд, аммо дар қисми дуюм бозиро мусовӣ карданд. Бозии навбатии ўзбекҳо бо дастаи Гватемало аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *