Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Номардии марде, ки мехост маъшуқаашро фурӯшад

Мард гуфтааст,ки дар ҳолати ба ӯ 500-доллари амрикоӣ оварда надиҳад, оид алоқаҳои байни онҳо ба хешовандони наздикаш расонида, ҳамзамон ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мекунад.

Дафтари матбуотии ВКД  хабар медиҳад, ки зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ (шантаж) дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур рафту омади дӯстона дошта, таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ба ӯ 500-доллари амрикоӣ оварда надиҳад, оид ба алоқаҳои байни онҳо ба хешовандони наздикаш расонида, ҳамзамон ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мекунад.

Гуфта мешавад, номбурда, дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллари амрикоӣ дастгир гардид.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати тамаъҷӯйӣ бо усули “шантаж” набуда, қаблан низ вазорат аз чунин ҳолату боздоштҳо хабар дода буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.