Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Алик-малик”-чиёни Хуҷанд ба маҳбас рафтанд

Кормандони милитсия ду нафар ташкилкунандаи бозиҳои кӯчагии «алик-малик» ва «қарасан-топасан»-ро дар бозори «Панҷшанбе» — и шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.

Ин ду қиморбози ашаддӣ — Рустам Абдуаҳадов, истиқоматкунандаи чамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ва Саъдии Муҳиддин, истиқоматкунандаи маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе» ба қиморбозӣ машғул буданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, қиморбозии кӯчагӣ, ки дар байни мардум бо номҳои «алик-малик» ва «қарасан-топасан» маъмул аст, ҳарчанд мардумфиребии рӯирост бошад ҳам, мутассифона баъзеҳо онро манбаи даромад меҳисобанд.

Гуфта шудааст, ки бо тартиб додани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи нозирони минтақавии милитсия, суди шаҳри Хуҷанд нисбати хукуквайронкунандагон ҷазои ҳабс татбиқ намуд.
«Саъдии Муҳиддин ба муҳлати 10 шабонарӯз, Рустам Абдуаҳадов 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо гирифтанд”, — таъкид доштааст манбаъ.

Тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ҷарима дар асоси моддаи 465 ва ҷазои ҳабсӣ дар асоси моддаи 475 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз таъсиррасониҳои ҳуқуқие мебошанд, ки нисбати ташкилкунандагони бозиҳои кӯчагии «алик-малик» татбиқ мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.