Алимардонов дар ҳабс,90 миллион куҷо шуд?

Парда Алимардонов аз «Агроинвестбонк» 90 миллион сомонӣ қарз гирифта, онро «ғайримақсаднок» истифода бурдааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусия дар нисбати Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардонов — раиси «Агроинвестбонк», парванда боз кардааст. Парда Алимардонов феълан дар боздошт қарор дорад.

Зимни нишасти хабарӣ дар Агентӣ,тавре «Озодӣ» хабар медиҳад, Парда Алимардонов аз «Агроинвестбонк» 90 миллион сомонӣ қарз гирифта, онро «ғайримақсаднок» истифода бурдааст. Аммо шарҳ дода нашуд, ки ӯ чигуна ин маблағҳоро «ғайримақсаднок» харҷ намудааст.
Фахриддин Акрамзода, яке аз роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, дар сурати баргардонидани қарз ва ҷуброни зарар, имкон дорад парванда дар нисбати Парда Алимардонов қатъ шавад.

Нисбати Парда Алимардонов бо моддаи 246. қисми 3, банди банд «б» яъне «тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон», парванда боз шудааст. Тафтишоти ин парвандаро худи Агентӣ пеш мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *