Амали ноҷавонмардона. Ҷинояте, ки генерал Назарзодаро ба ташвиш овард

Дар шаҳри Душанбе кормандони милитсия мардеро дастгир карданд, ки ӯ  ба духтари ноболиғ амалҳои ғайриахлоқӣ анҷом медод.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад,  7 январ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз номи як ҷавонзани сокини пойтахт хабаре паҳн гардид, ки тибқи он гуё шавҳараш ҷавонзанро мунтазам мавриди латукӯб қарор дода, бар замми ин нисбати духтари ноболиғи 10 солааш, ки аз шавҳари аввалааш мебошад, ҳаракатҳои бадахлоқонаи хусусияти шаҳвонидошта намуда, бо ин кирдори ноҷавонмардона нафси шаҳвониашро қонеъ менамудааст.
“Дар доираи хабари паҳнгардида, ҷиҳати санҷиши холисона, ҳамаҷониба ва воқеъбинона тамоми қувваю воситаҳои мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе равона карда шуд. Дар давоми рӯз баъди нашри хабар шахсияти ҷавонзани болозикгардида бо ҳамроҳии шавҳараш муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки дастгиршуда Эмомалиев Намозалӣ Хурсандович санаи таваллудаш 7 майи соли 1989, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, соли 2015 бо моддаи 177 Кодекси ҷиноии ҶТ (Саркашӣ намудан аз пардохти алимент) маҳбасӣ гардида, баъди ба озодӣ баромадан бо ҷавонзани муроҷиаткунанда оиладор гардида, аз зиндагии якҷояашон соҳиби 2 фарзанд шудаанд.

“Дар доираи чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда Эмомалиев марҳила ба марҳила якчанд мартиба аз набудани ҳамсараш истифода бурда, дидаю дониста, ки духтарандари 10 солааш дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дар манзили истиқоматиаш нисбати охирон ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, бо ин роҳ нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.   Вобаста ба кирдорҳои бадахлоқона ва ноҷавонмардонаи дастгиршуда Эмомалиев Намозалӣ Хурсандович нисбаташ тибқи талаботи моддаи 139 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудаааст”,-мегӯяд манбаъ.

 Гуфта мешавад, ки  тафтиши парванда зери назорати қатъии роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, генерал-лейтинанти милитсия Шариф Назарзода қарор дорад. Инчунин, дастгиршуда Эмомалиев Намозалиро барои ин амали нангин ҳабси тӯлонӣ то ба 20 сол таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *