Бишкек: Пиразани 87 соларо таҷовуз карданд

Дар шаҳри Бишкек дирӯз  ба номуси як кампири 87 сола таҷовуз карда шуд.

Бино ба итилоъи кормандони ёрии таъҷилии истгоҳи Бишкек соатҳои 13-ҳу 16-и рӯз ба телефони 103 занг зада кӯмак мепурсанд ва мошини ёрии таъҷилӣ аз рӯи нишонаи додашуда ба боғи Футчик меравад ва дар онҷо капири 87 солаеро,ки мавриди таҷовуз қарор гирифта буд дармеёбад. 

Бино ба гуфти ҷабрдида вай дар боғи мазкур ба сайругашт машғул будааст,ки ҷавони ношиносе ногаҳ ба ӯ ҳамла намуда таҷовуз мекунад.

Духтурони  ёрии таъҷилӣ ба пас аз ташхис ин суханони кампирро тасдиқ намуданд. Сипас баъд аз расонидани кӯмаки тиббӣ пиразани ҷабрдидаро ба ихтиёри кормандони милиса,ки дар ҷойи ҳодиса қарор доштанд супориданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *