Боздошту ҳабси ҷавонони бадахлоқ дар Душанбе (видео+аксҳо)

Дар шаҳри Душанбе гуруҳи ҷавононе дастгир шуданд, ки дар латукӯб ва дашноми се хоҳарон  муттаҳам мешаванд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ҷавонони авбош ҳангоми дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба гуштугузор машғул шудани муроҷиаткунандагон ҳамроҳи фарзандони ноболиғашон, нисбати 3 хоҳарон гаппартоӣ намуда, бо алфози қабеҳ дашном ва ҳамзамон мавриди латукуб қарор додаанд. Дар натиҷа яке аз ҷавонзанон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

“Аз ҷумла 3-нафар ҷавонзанон-апаву хоҳарон, сокинони шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ва ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати як гурӯҳ ҷавонписарони авбош чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро ҷавонони авбош ҳангоми дар кучаи Ҳ.Шерозӣ ба гуштугузор машғул шудани муроҷиаткунандагон ҳамроҳи фарзандони ноболиғашон, нисбати 3 хоҳарон гаппартоӣ намуда, бо алфози қабеҳ дашном ва ҳамзамон мавриди латукуб қарор додаанд, ки дар натиҷа яке аз ҷавонзанон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои операвтивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт шахсияти ҷавонони дар навор инъикосёфта муайяну дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас гардиданд. Инҳо шаҳрвандон:
Ғаниев Ҳусейн Мирзоалиевич, санаи таваллудаш 07.11.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак;


Қурбонов Алиҷон Нуруллоевич санаи таваллудаш 28.05.1996 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Испечак мебошанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки   зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ва пурсиши шоҳидону гумонбарон муайян карда шуд, ки санаи 14-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 20:30 дақиқаи шаб Ғаниев Ҳусейн ҳамроҳи рафиқаш Қурбонов Алиҷон ҳангоми дар назди манзили истиқоматии ҷабрдидагон воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ қарор доштан, нисбати ин 3 хоҳарон, гаппартоӣ ва суханони қабеҳ гуфта, онҳоро мавриди озор қарор доданд. Ҳамзамон, дастгиршуда Ғаниев Ҳусейн бо ин қаноат накарда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷавондухтарони муроҷиаткунандаро бо мушту лағат зери латукӯби қарор дода, ба яке аз онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Айни замон нисбати Ғаниев Ҳусейн ва Қурбонов Алиҷон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Воқеан, нисбати зан-модар ва ҳатто дар назди фарзандони ноболиғи онҳо раво дидани чунин бадрафторӣ аз оини ҷавонмардӣ набуда, ин амали ғайриинсониву ғайриқонунии гумонбаронро ҳамагон маҳкум менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *