Дар Данғара низ кормандони милитсияро қадрдонӣ карданд

Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияи Данғара низ бошукуҳ таҷлил гардида, як қатор кормандони мақомоти милитсия бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҷамъомади идона дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки ректори ин муассисаи олӣ, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён, муовини раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода ва сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара, полковники милитсия Рустам Раҷабзода сурат гирифт.

Дар  ин бора   Муҳаммад Шораҳимзода, сардори бахши  гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ иттилоъ дод.

Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, таъкид намуд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти милитсия дар лаҳзаҳои сангини таърихии кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст.

Бунафша Файзиддинзода аз номи раиси ноҳияи Данғара кормандони мақомоти милитсияро бо иди касбиашон табрик гуфта, нақши онҳоро дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ , ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон муносиб арзёбӣ намуд.  Ӯ гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомот тадбирҳои муассир амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 дар ноҳияи Данғара Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ — техникӣ ва бинои шуъбаи “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин шаҳодат аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба мақомоти милитсия мебошад.

Дар чорабинӣ ба як қатор собиқадорон, кормандони милитсия Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара  ва ба оилаҳои дар сохти конститутсионӣ ҳалок гардида, кӯмакпулии яквақтаина тақдим карда шуд. Ҳамчунин, кормандони фаъоли милитсияи ноҳия бо фармони Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ сазовори рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, медали  «Хизматҳои шоён» ва ифтихорномаҳо гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *