Куштор

Дар Душанбе қарзхоҳ қарздорро бо корд кушт

Куштори вазнин 17-уми феврал дар кӯчаи Помири ноҳияи Шоҳмансур  сар задааст. Дар натиҷаи мақомоти милитсияи  Душанбе  ҷавони 28-солаи ноҳияи Рӯдакиро дар даст доштан ба ин ҷиноят дастгир карданд.   

 Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон хабар медиҳад: “Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки тахминан соати 15:30-дақиқа дар назди хонаи №1-и кӯчаи Помири ноҳияи Шоҳмансури пойтахт марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ барои талаби маблағи қарзиаш бо ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе баҳсу муноқиша карда, бо корд 1-маротиба ба шиками ҷавони 23-сола задааст”.

Ҷавони 23-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *