Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бекорӣ сабаби афзоиши ҷиноят дар Хатлон шудааст

Давоми соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилотяи Хатлон аз ҷониби беш аз 1 ҳазору 490 ҷавон 1 ҳазору 625 ҷиноят содир шудааст.  

Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон имрӯз, 5-феврали соли равон зимни нишати хабарӣ зикр кард, ки сабаби асосии даст ба ҷиноят задани ҷавонон ин бекорӣ аст. Ӯ гуфт, аз 1493 ҷавоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, 1 ҳазору 395 нафари онҳо ҳамчун ҷавонони бекор сабт шудаанд. Таъкид шуд, ки  ҷавонон соли 2020 дар маҷмӯъ 1 ҳазору 625 ҷиноят содир карданд, ки назар ба соли 2019-ум 19 ҳолат бештар аст.      

Ҳамчунин, Абдуллозода гуфт, барои пешгирӣ аз омилҳои номатлуб миёни ҷавонон дар соли 2020 беш аз 540 чорабинии гуногун гузаронида шудааст.

 Машраби Аловиддин 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.