Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Долларҳои қалбакӣ дар Душанбе. 4 нафар боздошт шуданд (навор+аксҳо)

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як ҳолати ҷинояти марбут ба муомилот баровардани пули қалбакӣ ва қоғазҳои қимматнокро дар пойтахт ошкор карданд.

Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят 4-нафар шаҳрвандон Искандаров Сулаймон Сайвалиевич соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Лоҳур;

Гулаҳмадов Искандар Исмонович соли таваллудаш 5.09.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе н. Фирдасӣ кӯчаи Н. Қарабоев;

Шукуров Фирдавс Меъроҷович соли таваллудаш 9.05.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе н. Соно кӯчаи П.Сулаймонӣ;  

Эгамқулов Сорбон Хуршедович соли таваллудаш 31.05.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе н. Фирдасӣ кӯчаи А.Деҳотӣ дастгир карда шуданд.

 Аз  дастгиршудагон 26-адад купюраҳои 100-доллара ва 66-адад купюраҳои 50-доллора, ки дар маҷмуъ 5-ҳазору 900-долларро ташкил медиҳанд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира шуданд. Тибқи ташхис асъори мусодирашуда қалбакӣ буда, бо истифода аз дастгоҳи чопии ранга омода гардидаанд.

  Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Искандаров Сулаймон 14-ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Гулаҳмадов Искандар додааст. Гулаҳмадов Искандар бошад ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Шукуров Фирдавс ва Эгамқулов Сорбонро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд.
  Тавре аз нишондоди дастгиршудагон бармеояд, гумонбаршудагон асъори қалбакиро аз хориҷи кишвар ворид намудаанд, ки аз рӯи шакл, ҳаҷм ва дигар сифатҳо ба доллари аслӣ монандӣ дошта, қалбакӣ будани онро муайян кардан душвор аст.

  Айни ҳол нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.