Дузди ашаддӣ ба даст афтод

Тавре ВКД хабар медиҳад, чанд нафар сокинони ноҳияи Вахш ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуданд, ки аз манзилҳои истиқоматияшон молҳои арзишнокашон ҳадафи дуздон қарор гирифтааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар сокини ноҳияи Данғара, Шомуродов Бобоҷон, соли таваллудаш 1982, пеш се маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дастгир гардид.

Зимни пурсиши гумонбаршуда маълум гардид, ки Шомуродов дар ҳудуди ноҳия шабона барои ба даст овардани фоидаи муфт ба дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр машғул гашта, аз аввалҳои моҳи июли соли сипаришуда то инҷониб вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон мегарадад ва молҳои арзишнок, аз қабили телефонҳои мобилӣ, дучархаҳо, маблағҳои пулӣ, либосҳои мардонаро ба яғмо мебарад, ки бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба ҷабрдидагон ба маблағи 25 000 сомонӣ зарари молиявӣ расонида аст.

Боздоштшуда дар панҷ ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Вахш нисбати Шомуродов Бобоҷон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *