Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дуздони душанбегӣ “Газ-Ойл”-и Ғафуровро ғорат карданд

Ҳар кадоме вазифаи худро иҷро намудааст. Назоратчӣ, ҳамлагар ва ғораткунанда се вазифаест, ки онҳо байни ҳам тақсим кардаанд

Нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газ-ойл», воқеъ дар кӯчаи Фатҳулло Ахмедови ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров мавриди ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифт.

20-уми октябр, тахминан соати 04:45-дақиқа, омаданд, заданд, бурданд, нишондод додааст хазиначии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Абдусамад Ҷураев.
Ғоратгарон, ки се нафар буданд ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ворид гашта, хазиначиро мавриди лату кӯби шадид қарор дода, ошкоро пули хазина 1800 сомониро тасарруф кардаанд.
Дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи гурӯҳи сафарбашудаи оперативӣ аз ҳисоби кормандони ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо гузашти як ҳафта аз рӯзи ҳодиса изи афроди дар ҷиноят гумонбарро пайдо намуданд. Шаҳрвандон Маъруфов Аҳмад Маъруфович, соли таваллудаш 1996, Саидов Мустақим Саидаҳмадович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Мирзоев Самандар Рамазонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дар ҷинояти мазкур ба ҳайси гумонбаршуда, дастгир карда шуданд.
Ба маълумоти тафтишоти пешакӣ дастгиршудаҳо дар ҷодаи ҷинояткорӣ навкор набуда Аҳмад Маъруфов соли ҷорӣ барои дуздӣ суд шудааст. Ҳаммаслакони ӯ Мустақим Саидов ва Самандар Мирзоев дар Федератсияи Россия бо ҷурми роҳзанӣ ва ғоратгарӣ суд шудаанд. Ҳадафи ба даст овардани пули муфт ва аз ин ҳисоб машғул шудан ба айшу ишрат ва сайругашт онҳоро ба вилояти Суғд овардааст. Ва гумон доштанд, ки нақшаашонро амалӣ сохта, амалу рафтори ғайриқонуниро идома медиҳанд.
Ғоратгарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газойл» қадами аввалини онҳо буд, ҳарчанд ба мақсад расиданд, аммо ҷинояти содирнамуда озодию осоиштагии онҳоро барҳам зад.

Гумонбаршудаҳо ҳар кадоме вазифаи худро иҷро намудааст. Назоратчӣ, ҳамлагар ва ғораткунанда се вазифаест, ки онҳо байни ҳам тақсим кардаанд. Маблағи тасарруфшуда низ ҳамингуна се тақсим шудааст.
Нисбати иттифоқи сегона тибқи талаботи қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятӣ (ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Меъёри моддаи мазкур ҷазои ҳабсиро аз 5 то 10 сол пешбинӣ намудааст.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.