Фоҳишахонаҳо дар Душанбе ва Конибодом

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, як сокини 30 солаи пойтахт зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст,ки хонаашро ба фоҳишахона табдил дода буд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 23-юми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 19:00, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, ба ҷавони 24 ва зани 27-солаи сокинони пойтахт додааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда барои ин хидматаш аз онҳо ба маблағи 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, қаблан кормандони вазорат ду сокини шаҳри Конибодом як зан ва як мардро бо чунин ҷурм боздошт карда буданд.

Гуфта мешавад, боздоштшудаҳо, ҷавони 24 сола дар шаҳр ва зани 44 сола дар яке аз деҳаҳои шаҳри Конибодом фоҳихона ташкил карда, ба ивази хадамоташон аз 300 то 400 сомонӣ гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *