Ифтитоҳи бинои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вахш (чанд акси ҷолиб)

27 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.

Зимни суҳбат бо кормандон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз се ошёна ва 5 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он барои кору зиндагии кормандон шароити муосир муҳайё карда шудааст.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино ду хонаи сеҳуҷрагӣ ва 2 хонаи дуҳуҷрагӣ сохта шудааст.

default

Дар саҳни ҳавлӣ пас аз ифтитоҳи иншоот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба се оилаи хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.