Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Корманди Агентии коррупсия бо ришва ба даст афтод

Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар додаст, ки полковник Ҷонибек Маҳмадзода, мутахассиси Агентии зидди фасод рӯзи 17-уми август аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани пора ба миқдори калон боздошт шудааст.

Ҷонибек Маҳмадзодаи 48-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, дар мақоми мутахассиси пешбари Раёсари назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекардааст.
Дар хабар миқдори маблағи дақиқи он гуфта нашудааст.
Ҳоло нисбат ба Ҷонибек Маҳмадзода парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.