Прапоршики Горди миллӣ падарарусу хушдоман ва занашро парронд

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал хабар дод, ки Азаматулло Икромзода прапоршики қисми ҳарбии 051057 Гвардияи миллӣ дар нимаи дуввуми рӯзи шанбе дар заминаи як муноқиша бо истифода аз тапончаи “Макаров”ПМ, ҳамсараш, падари ҳамсараш ва модари ҳамсарашро ба қатл расонидааст.

Ба иттилои мақомоти милиса ҳодиса соати 14:30 дақиқаи рӯзи 20-уми феврал дар деҳаи волидони ҳамсараш деҳаи “Мадад”-и ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

Сабабу омилҳои сар задани ин муноқишаи хунин ҳанӯз маълум нест. Вазорат мегӯяд, ки Азаматулло Икромзода аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст. Муфаттишони Додситонии кулл бар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *