Раҳимзода ба ҷавонони фаъоли “Авангард” мукофотпулӣ дод

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 400 нафар аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-ро бо мукофотпулӣ ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавонон дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии  Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон дар назди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъол доштанд.

Бинобар иттилои гуруҳи “Авангард”, 15-уми сентябри соли 2021 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

“Дар оғози вохурӣ Вазири корҳои дохилӣ дар бораи вазъияти кунунии ҷаҳони имрӯза, нақши ҷавонон дар пешрафти кишвари азизамон ва шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротиву экстремистиву терористӣ ибрози андеша намуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан талқин намуданд. Дар рафти чорабини Сардори РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. суханронӣ намуда, фаъолияти ҷавонони гурӯҳи «Авангард»-ро дар сатҳи баланд арзёби намуданд”,-омадааст дар иттилои гурӯҳ.

 Вохӯрии мазкур тариқи селекторӣ баргузор гардида, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз шаҳру ноҳияҳо дар толорҳои РВКД дар минтақаҳо иштирок доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *