Раҳимзода гуфт: “Зарурат надорад…”

Дар ҳоли ҳозир лозим нест, дар оянда агар омӯзем, мумкин аст

Дар нишасти матботии ВКД генерал полковник Рамазон Раҳимзода гуфт, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ, иваз кардани номи рутбаҳои низомӣ сарфи зиёдатиро талаб мекунад. Ба ин хотир вазири корҳои дохилӣ гуфт, «дар ҳоли ҳозир лозим нест, дар оянда агар омӯзем, мумкин аст».

Масъулини Кумитаи забон рӯзи 17-уми феврал гуфтанд, тарҳи тарҷумаи рутба ва истилоҳоти ҳарбӣ мисли «Генерали артиш — Артишсолор», «полковник — сарҳанг» ва «подполковник -сарҳангёр»-ро барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол кардаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки баррасии ин кор то кай дар ҳукумат идома мекунад.

Масъалаи баргардони рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ борҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс шудааст. Бархе аз генералҳо ҳам гуфта буданд, ба тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ зарур нест.

Мақомоти Вазорати дифоъ соли 2018 дар номаи ҷавобӣ ба Кумитаи забон навиштанд, ки рутбаҳои ҳарбӣ «истилоҳҳои байналмилалӣ ҳастанд ва зарурат ба тарҷумаи онҳо нест».

(Гузориши муфассалро аз нишасти ВКД дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *