Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рамазон Раҳимзода ба Эрон сафар кард

Ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал- полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба Эрон сафар намуд.

Бинои ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин сафар субҳи 31-уми майи соли равон сурат гирифтааст.

Дар доираи  сафари мазкур вохӯрии ҳайати  Тоҷикистон  бо роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои корӣ  дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни сафари корӣ ба имзорасонии  як зумра  санадҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.