Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ронанда мусофирашро «подстава» карда пулро дуздид

Раёсати корҳои  дохилии Суғд аз боздошти як сокини шаҳри Истаравшан бо гуноҳи тасарруф кардани маблағи калони пулӣ хабар медиҳад. 

Аз ин ниҳод хабар додаанд, ки  Саидови 34-сола, ки ба сифати  ронандаи таксӣ фаъолият доштааст, 4 миллиону 285 ҳазор рубли русӣ амонати як нафарро азхуд кардааст: “Ин маблағро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ӯ додаанд, то ба шаҳри Истаравшан бурда, ба як нафар расонад”. 

Ба иттилои манбаъ, ронанда тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезикардааш танҳо як мусофир гирифта, ба роҳ баромадааст. Ӯ дар  Душанбе маблағҳоро пинҳон намуда, дар ҳудуди деҳаи Яккабоғи ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан садамаи сунъиро ташкил кардааст, то шубҳа на ба ӯ, балки ба мусофираш афтад.

Ҳоло далели шайъӣ пурра дарёфт гардида, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ  парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.