суд

Сӯҳроб Қиличов барои чӣ ҳукми суд гирифт?

Бозгашт ба мавзӯе, ки тафсилоти бештар мехоҳад, дар бораи ба мӯҳлати панҷуним сол ҳукми суд гирифтани Сӯҳроб Қиличов дирӯз сомонаи pressa.tj дода буд. Аммо як андоза ошкорбаёнӣ зоҳир накардани мақомоти судии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сабабгори муфассал дастраси хонандагон нагаштани маълумот гашт.

Баробари баромадани ҳукми суд нисбат ба Сӯҳроб Қиличов телефонӣ ба pressa.tj хабар доданд, ки мавсуф шахси масъул дар вилояти Хатлон аст. Баъд аз дастрасӣ ба маълумоти ночиз дар бораи Сӯҳроб Қиличов, писари раиси ноҳияи Рӯдакӣ pressa.tj бо  ёрдамчии раиси Суди вилояти Хатлон дар иртибот шуд ва аз мавсуф тақозо намуд, ки қазияи мазкурро бо тафсилоташ шарҳ диҳад. Мувофиқи дастури ӯ pressa.tj бо иҷрокунандаи вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Собир Мирзозода иртибот гирифт. Ӯ аз додани маълумоти бештар ва раҳнамоии pressa.tj худдорӣ кард ва изҳор намуд, ки ин қазия дар суди ноҳия мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Вале дар бораи дар куҷо, чӣ гуна сурат гирифтани мурофиа ва шахсияти судшаванда аз баёни фикр худдорӣ намуд.

Субҳи имрӯз низ чанд нафар ба pressa.tj занг зада гуфтанд, ки мехоҳанд дар мавриди қазияи мазкур маълумоти бештаре дошта бошанд. Як нафар дар сӯҳбат бо pressa.tj гуфт, ки Сӯҳроб Қиличов бо маводи мухаддир иртиботе надорад. Pressa.tj дигарбора пайи тадқиқи ин қазия шуд. Шояд бо сабаби рӯзи шанбе будан бошад, ки сомона натавонист бо мақомоти судии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (макони мурофиа ва содири ҷиноят) иртибот гирид. Аммо pressa.tj тавонист чанд маълумоти иловагӣ дастрас намояд. Аз ҷумла, pressa.tj маълумоти зеринро дастрас намуд. Сӯҳроб Қиличов бо ҳукми суди ноҳияи Сино 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гаштааст. Ҳукми суд нисбат ба Қиличов Сӯҳроб Рустамович дар асоси моддаи 346 (қисми 3)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали ҳафтаи равон содир шудааст.

Моддаи 346-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ

1) Дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ оиди содир шудани ҷиноят, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422). 2) Ҳамин кирдор, агар вобаста: а) бо гунаҳгор кардан ба содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин; б) бо сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ; в) аз нияти ғаразнок (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35); г) ба манфиати гурўҳи муташаккил содир шуда бошад, бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. 3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида агар: а) нисбати судя, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда содир шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1274); б) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз17.05.2004 № 35).

Сомонаи Pressa.tj тасмим гирифт, ки шуруъ аз аввали ҳафтаи оянда тафсилоти ҳодисаи мазкур, дар кадом асос ва барои чӣ чунин ҳукм баровардани суди ноҳияи Синоро тадқиқ ва пешкаши хонандагон месозад. Зимнан, pressa.tj аз роҳ ёфтани ғалат (онро тадқиқ хоҳад кард) маъзарат мехоҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *