Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаҳрванди Эронро фиреб дода, 25 ҳазор доллару “Тойота”-ашро рабуданд

Як шаҳрванди Эрон дар Душанбе ба мақомоти милиса шикоят бурдааст, ки марде ӯро ба маблағи калон фиреб кардааст.

Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза шаҳрванди Ҷумҳурии Исломи Эрон марди 62-солаи муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.

Ба қавли вай, соли 2007 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе марди 59-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Тойота”-ро ба маблағи 4 ҳазору 500-доллари амрикои нархгузори карда гирифта.

Харидор ҳамагӣ 600-доллари амрикоии арзиши мошинро дода, боқимонда 3 ҳазору 900-долларро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин соли 2011, ҳамон мард аз ӯ 25 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Ба иттилои ин мабаъ Вазорати корҳои дохила тафтишоти ин қазияро оғоз кардааст ва аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Ин ҷо як аҷобате ба назар мерасад, марде, ки як бор ба ҷоҳ афтод, чӣ гуна боз дидаву дониста худро андарУни чоҳ андохт? Охир он шаҳрванди эронӣ ошнои фиребгари худро хуб медонист, пас чаро боз бо ӯ дар муомила созиш кард? Сирри ин “мувафаққият” дар чӣ бошад?

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.