Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тафсилоти куштори ронандаи “1111-таксӣ” дар Душанбе (видео)

Вазорати корҳои дохилӣ навори ҳодисаи куштори ронандаи “1111-таксӣ”  Эраҷи Эмомалиро аз тарафи Саймумин Муҳиддинов дар шаҳри Душанбе  пахш кард.     

15-уми феврали соли равон  дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҷасади ҷавонписари тахминан 20-25 сола дар дохили автомашинаи мусофиркаши тамғаи «Хундай-Солярис», рақами қайди давлатиаш 8419 ТТ 05 бо аломатҳои марги маҷбурӣ-ҷароҳати ҷисмонӣ дар қисмати гардан, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим бо 42 зарби корд дарёфт гардид.

 Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷасади ҷавони дар хун оғушта шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ санаи таваллудаш 08.08.1990, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафари гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва криминалистӣ гузаронида шуда, дар давоми 24-соат ошкорсозии ин ҷинояти мудҳиш таъмин карда шуд.

Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро Муҳиддинов Саймумин Саймуддинович, санаи таваллудаш 20.08.2000, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун содир намудааст. Номбурда аз зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.