Валихон Ҳамдамзода: Тоҷикистон уҳдадориҳои худро иҷро кард, САҲА не…

Зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд намунаи нави сару либоси низомии идона ва саҳроии бонувон – кормандони милитсияи тоҷик, ки бо матоъи атлас дӯхта шудааст ба намоиш гузошта шуд, ки сарусадои зиёдеро ба бор овард. Тағйири либоси кормандони милитсия дар доираи ислоҳоти милитсия сурат мегирад. 

Дар пайи ин баҳсҳо суҳбате доштем бо Валихон Ҳамдамзода, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фишурдаи онро манзури шумо мекунем.

-Муҳтарам Валихон Ҳамдамзода, намунаи сарулибоси атласи милитсионерзанони тоҷик, ки дар вилояти Суғд рӯнамоӣ шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Мехостам, дар ин масъала назари шуморо бипурсам.

-Намунаи сарулибоси низомии идона ва саҳроии бонувон – кормандони милитсияи тоҷик, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд аз тарафи тарроҳони вилоят ба намоиш гузошта шуд, яке аз вариантҳое аст, ки тарроҳон пешниҳод кардаанд, яъне он қабул нашудааст.

Дар ин замина қайд карданиям, ки бо иштироки шарикони рушд соле қабл дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии либосҳои кормандони милитсия баргузор шуд, ки ҳама маҳсули эҷод ва пешниҳоди тарроҳони ватанӣ буда, намояндагони САҲА ба онҳо назари мусбӣ дода буданд. Намояндагони воситахои ахбори оммаи кишвар низ дар ин рӯнамоӣ иштирок доштанд. 

-Тағйири сарулибоси кормандони милитсия дар доираи ислоҳоти милитсия мегузарад. Мехостам, ки шумо ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ дар мавриди ҷараёни ислоҳоти милитсия каме равшанӣ андозед.

-Бояд гуфт, ки дар робита ба ислоҳоти милитсия байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА – Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо соли 2011 Меморандум ба имзо расонда шуда, дар ин замина соли 2013 бо Фармони Президенти кишвар Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ба имзо расид. Иҷрокунандаи асосии барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилии ҶТ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии ҶТ низ ширкат меварзанд.

Ба ҳайси шарикони иҷтимоӣ Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвархои донор баромад мекунанд. Дар асоси он дар кишвар ислохоти милитсия баргузор гардида, дар заминаи иваз гардидани сару либоси низомии кормандони милитсия тоҷик бояд намояндагони САҲА дар асоси шартнома маблаги муайянро пардохт мекарданд.

-Дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромади Сардори раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия М. Бухоризода нашр шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки САҲА аз маблағгузории ислоҳоти милитсия даст кашидааст. Оё ин ҳақиқат дорад?

— САҲА аз маблағгузорӣ, инчунин, ҷалби сармоя аз ҳисоби кишварҳои донор ва ташкилотҳои байналмилалӣ даст накашидааст, вале уҳдадории ба худ гирифтаашро то имрӯз иҷро накардаистодааст.

Лозим ба таъкид аст, ки тибқи Ёддошти тафоҳум аз 8 апрели соли 2011 дар соҳаи ислоҳоти милитсия САҲА вазифадор гардида буд, ки коркард ва харидорӣ намудани либосҳои тарҳи нави кормандони мақомоти корҳои дохилиро таҳия намуда, онро маблағгузорӣ, инчунин, ба воситаи давлатҳои донор харидории онҳоро таъмин мекард, вале то имрӯз аз чониби ин созмон ягон ухдадорӣ иҷро нагардидааст. Ба ғайр аз ин дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия аз тарафи ВКД ҶТ 12 лоиҳа ва Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе 8 лоиҳа барои амалигардони таҳия карда шудааст. Лек, аз ҷониби САҲА лоиҳаҳои мазкур ба Реести ягонаи Котиботи генералии САҲА дар ш.Вена ворид карда нашуда, бо механизми донорӣ таъмин нагардида беиҷро мондаанд, ки ин бар хилофи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҳукумати ҶТ, ВКД ҶТ ва САҲА мебошад.

То ба имрӯз аз тарафи ВКД ҶТ 58 банди Барномаи ислоҳоти милитсия, ки 67% ташкил медиҳад, пурра иҷро гашта, 17 банд-20% дар ҳоли иҷроиш ва 11 банд-13% бо сабабҳои норасоии маблағгузори донорӣ ба таъхир афтодаанд. Аз ҷониби ВКД ҶТ барои иҷроиши Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солхои 2014-2020 то ба имрӯз дар умум 1 миллиарду 150 миллион сомонӣ равона карда шуда, аз ҷониби донорхо бошад танхо 337 миллион сарф шудаасту халос.

Мусоҳиб О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *