Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Машқҳои таълимӣ-дастурӣ дар РВКД вилояти Суғд (видео)

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо машқҳои таълимӣ-дастурӣ гузаронида мешаванд.

21-уми январ машқҳои таълимӣ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, ДТММ, қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров, масъулини Шуъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД бо муваффақият баргузор гардид.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуфт, ки гузориши мухтасар дар намоиши телевизионӣ пешниҳод карда шуд, ки баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ин машқҳоро ҳамчун ҳақиқати ҳол нишон доданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.