Язна қайсингулро таҷовуз карда кушт

   Мақомоти Тоҷикистон як сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намудаанд, ки дар қатли хоҳари ноболиғи ҳамсараш муттаҳам мешавад. Тавре ба хабарнигори «Tajikistantimes.tj аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар пайи амалиёти муштарак бо кормандони додситонӣ муайян шудааст, ки боздоштшуда 7-уми августи соли 2016, ба шаҳри Қурғонтеппа омада, бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш мулоқот кардааст: “Тахминан соати 21:30-дақиқа, дар лаби канали обгузари “Ҷайҳун” бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш вохӯрда, алоқаи ҷинсӣ кардаанд. Сипас бо корди дар дасташ буда, ба гулӯ ва дигар узвҳои бадани духтари ноболиғ 6-7 бор зарба задааст”. Тавре як манбаи муътамад иброз доштааст, дар пайи қатли духтараки 17 сола  гунаҳгор язнааш аст, ки бо вуҷуди ваҳшиёна куштанаш ҷасади беҷонро ба канали обгузари “Ҷайҳун” партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *