Заминро кӣ мефурӯшад? Соҳибмансаб!

Панди бузургон аст, ки фармудаанд: “Ризқ агар хоҳӣ, бирав андар замин шудгор кун…”.  Бале, танҳо заҳмату меҳнати марди деҳқон заминро ризқбахш ва онро сарчашмаи фаровонии маҳсулот мегардонад. 

Аз ҳосили замин ҳам марди деҳқон баҳра мебараду ҳам бозорҳо фаровон мешаванд. Зумраи дигар – теъдоде аз соҳибмансабоне, ки иштиҳояшон ғозгир аст, аз замин манфиат мебинанд, аммо на бо меҳнат, балки бо ҷиноят. Бале, ғайриқонунӣ фурӯхтани замин ҷиноят аст, ки мутаассифона, теъдоде аз соҳибмансабҳои давлатӣ заминро манбаи тиҷорату даромади муфт қарор додаанд. Тавре ишора кардам, ин теъдод аз хизматчиёни давлатӣ дар замин ранҷ намебаранд, балки онро дар ҳамдастиву ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша мефурӯшанду “ганҷ” ба даст меоранд. Аммо яқин аст, ки чунин ганҷҳои муфт ва бо роҳи ҷиноят бадастомада, ба мисли оғоз интиҳо ҳам доранд. Давидани чунин гӯсолаҳои ишкамсеру чашмгурусна танҳо то каҳдон асту бас.

Чанде пеш прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф  «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуд. Далелу арқоми дар матлаб овардашуда низ сарчашма аз ҳисоботи мазкур гирифта, аз қонуншикании афроди соҳибмансаби давлатӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ғайриқонунӣ замин фурӯхтаанд.  Аз пули бедарди миён ин теъдод аз ҳарис чанд муддат хуб асптозӣ карданд, аммо дар анҷом лаҷом аз даст додаву бо зину узангу ба замин  афтоданд...

Тавре аз ҳисобот бармеояд, ҷиҳати назорату иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва қонунгузории истифодаи мақсадноки замин, 6 291  шаҳрванд ва масъулини соҳаи заминсозӣ ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 1 088 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 9 069 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Бино ба маълумоти ҳисобот, дар соли сипаришуда мақомоти прокуратураи кишвар 296 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 22 нафар кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 27 нафар роҳбарон ва кормандони мақомоти идораи замин, 120 нафар раисон ва заминсозони ҷамоатҳо, 49 нафар кормандони мақомоти бақайдгирии амволи ғайриманқул ва бойгониҳо, инчунин 78 нафар роҳбарони хоҷагиҳоро ҷиҳати содир намудани ҷиноятҳои бо замин алоқаманд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд. Дар давраи солҳои 2017-2020 дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо бо мусоидату дахолати шахсони мансабдори давлатӣ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати аз 3 то 8 нафарӣ ташкил ёфта, ба тақсимот ва хариду фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин машғул шудаанд. Чунончӣ:  раиси шаҳри Кӯлоб Б. Иноятзода ва муовини ӯ П. Ҳафизов, муовини директори Ҷамъияти лоиҳакашии «Шавкат» Ш. Назарзода, А. Набизода ва А. Саъдуллозода, муовинони раиси ноҳияи Ёвон, А. Мирзозода, собиқ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур, Қ. Раҷабзода, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб,   С.Саидов, муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Восеъ, А. Абдураҳмонов, муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти «Ҳисор»,  Б.Холиқов, директори ҶСШК «Улҷабой»-и ноҳияи Рӯдакӣ, З.Маҳмудзода, сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, Ф. Раҳимзода мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ таъсис додаву замин фурӯхтаанд.

Мисолҳои дар боло овардашударо метавон танҳо қатрае аз баҳр маънидод кард. Дар маҷмӯъ, аз ходими одии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии баъзе аз шаҳру навоҳӣ  сар карда, то муовинону раисон дар тиҷорати замин даст доштанду доранд ва ҳарчанд ин теъдод мехоҳанд ҷиноёти худро рӯйпӯш кунанд, аммо хоҳу нохоҳ рӯзе не рӯзе ифшо хоҳанд шуд. Бале, ба шарте агар бо пешниҳоди пора худро аз доираи ҷиноят берун накашанд.  

Ҳисоботи прокурори генералӣ хондаму гуфтаи раиси хоҷагии ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон зиндаёд Талбак Садриддинов ба ёдам омад, ки пайваста деҳқононро ҳушдор медод, ки: — Бо замин агар хуб муносибат кунед, он шуморо мехӯронаду мепӯшонад, аммо агар ба он бо чашми баду нопок назар афканед, фаромӯш накунед, ки хору забунатон месозад.

Тавре аз маълумоти прокурори генералӣ бармеояд, ҳар кӣ заминро олуда бо ниятҳои нопоки худ кард, дар анҷом муҷозот ва радди маърака гашт. Афсӯс, ки иддае аз ходимони давлатӣ ҳамкосаю ҳамтабақ бо гурӯҳҳои ҷиноятпешаанд ва ҳамчун “бом”-и устувор онҳоро аз ҳар гуна барфу борон нигаҳ медоранд. Аммо ин теъдод аз бандаи нафс лаҳзае ба гӯшаи хаёл ҳам намеоранд, ки худ низ рӯзе не рӯзе қурбонии селобаи барфу борон мегарданд. Ростӣ, ки бовар надорам, ки чунин боздошту ба муҷозот кашидани мансабдорони давлатии олуда бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои дигар аз соҳибмансабони манфиатҷӯ сабақ мегардад, зеро  “Чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр!” 

Ба ғайр аз он ки зумрае аз соҳибмансабони давлатӣ замин мефурӯшанд, илова бар ин, беҳтарин заминҳоро дар ихтиёр доранд, ки таҳти пӯшиши “хоҷагии деҳқонӣ” мавриди истифодаи эшон аст. Ин теъдод аз соҳибзамин, дар фикри меҳнат кардан дар замин нестанд, балки фоида аз ҳосили онро болотар аз ҳама чиз медонанд.

Ростӣ, ки хеле дардовар аст, вақте хизматчиёни идораҳои давлатӣ атрофи худ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, даст ба заминфурӯшиву дигар аз аъмоли бад мезананд. Ин теъдод худро соҳибимтиёз шуморида, аз ваколатҳои хизматӣ берун мешаванд, суиистифода аз вазифаву мансаб мекунанд ва маҳз амалкарди ин тоифа аз манфиатҷӯст, ки нархи маҳсулот дар бозорҳо боло меравад. Худ тасаввур кунед, агар замин дар дасти соҳиби асосии он – деҳқон бошад ва мустақиман маҳсулоти бадастомада вориди бозор гардад, оё арзиши маҳсулот ба худ як низоми муайян пайдо намекунад? 

Дар ин матлаб сухан танҳо аз заминфурӯшии теъдоде аз соҳибмансабони бандаи нафс рафт, ки билохира нафсашон балои ҷонашон шуд. Бовар дорам, ки дар дигар самт низ онҳо ҷиноёт содир карда, чун пашаи шабзиндадор хуни мардум макидаанд. 

Муҳиддин Идизода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *