Ӯзбакистон: Муалимҳо марш ба пахтачинӣ!

 

Инак, давраи якуми пахтачинӣ дар Ӯзбакистон сар шуд. Ҳукуматдорон ба рӯйихатгирии сафарбаркунандагон ба заминҳои пахтачиниро шурӯъ намуданд, ки дар ин рӯйихат кормандони мақомотҳои давлатӣ, тандурустӣ, муаллимон дохил мешаванд. Ин рӯйихат, ки аксари дар он дохилшуда, ғайриихтиёрӣ мебошанд, барои давлат хеле зарур буда, меҳнати онҳо барои пешрафти Ӯзбакистон яке аз накшҳои калидиро мебозидааст.

Аксари сафарбаршудагон аз ин амали ҳукумат ба расонаҳои хориҷию байналмиллалӣ эътироз намудаанд. Турсуной,  муаллимаи 50- солаи вилояти Фарғона мегӯяд, ки ҳар сол мавсими пахтачиниро бо даҳшат ва хавотирӣ аз вазъи саломатияш  «пешвоз» мегирад:

«Маро фишори баланди хун ва касалии дил азоб медиҳад. Духтурон ба саҳро баромаданамро қатъиян манъ кардаанд. Аммо директории мактаб мегӯяд, ки ин фармон  аст ва мо ҳуқуқи аз он сарпечӣ карданро надорем: « Ё қатори ҳама ба саҳро равед ё ариза навишта, ҷоятонро холи кунед, то ба ҷои шумо як одами пахта мечиндагӣ ояд»- эътироз намудааст Турсуной ба портали хабарии  EurasiaNet.org.

Эътирозгарони мисли Турсуной хеле зиёданд, аммо барои «душмани ҳукумат» нашуданашон ё аз сӯҳбат бо расонаҳои хориҷӣ даст мекашанд ё ба шарте ба интервю додан розӣ мешаванд, ки ному насабашонро интишор накунанд.

Баромадани иҷбори ба пахтачинӣ 40 рӯз давом дошта, «пахтачин»- ҳои зиёиро зарур аст, ки тӯли ин 40 рӯз дар офтоби сӯзон ва шароити муташанниҷ плани пахтачиниро буд кунанд. Агар ашхосе, ки қобилияти дар саҳро кор карданро надоранд, онҳоро лозим аст, ки пул дода, ба ҷойи худ шахси қобили пахтачиниро ба саҳро фиристонанд. Лек на ҳама қобилияти пардохти «замена»- ро доранд. Зеро барои мисол соли гузашта ба ҷойи Турсуной ҷиянаш Наргиза ба пахтачинӣ рафта буд, ки барои иваз кардаи холааш аз мавсуф 600 сум (баробар бо 100 доллари ИМА) «ҷуброн» гирифтааст. Аммо аз ҳама аҷибаш он аст, ки рӯйихати «пахтачинҳо» рӯйихатӣ оддӣ набуда, дар он ҳар як муаллиму духтур, умуман табақаи зиёи ному насабӣ асосӣ ва рақамҳои шиносномааш сабт карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тӯли чанд соли ахир нисбати сӯистифода аз қувваи кори инсонҳо аз ҷониби Ӯзбакистон чандин созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқи инсонҳо садо баланд кардаанду, чандин заводу фабрикаҳое, ки аз пахта масолеҳ тайёр мекунанд, бо сабаби аз меҳнати зиёиёну кӯдакон истифода намудани Ӯзбакистон дар саҳро, аз пахтаи ин кишвар даст кашидаанд. Тошкент соли гузашта гуфта буд, ки дар ин бора чораҳои заруриро меандешад, аммо то кунун сӯистифода аз меҳнати кӯдакону зиёиёне, ки бояд дар се моҳи тобистон истироҳат кунанд, ба саҳро баромада, аз субҳи содиқ то намози хуфтан пахта мечинанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *