Риши Сунак — сарвазири рӯзҳои душвори Британияи Кабир

Риши Сунаки ҳиндутабор пас аз он, ки Лиз Трасс баъди 45 рӯзи сарвазириаш истеъфо дод, нахуствазири Британияи Кабир интихоб шуд. Ӯро коршинсон сарвазири рӯзҳои душвори Британия арзёбӣ мекунанд.

Риши Сунак мутаваллиди 12-уми майи соли 1980 (Саутгемптон, Ҳэмпшири Британияи Кабир) ва арбоби давлативу сиёсии Бритониё аст. Ӯ 79-умин сарвазири Британияи Кабир аз 25-уми октябри соли 2022, раиси ҳизби муҳофизакорони Бритониё аз 24-уми октябри соли 2022 мебошад. Аввалин сарвазири ҳиндитабор дар таърихи Бритониё ва писари табибон Яшвира Сунак ва Уши Сунак аст. Волидайни Сунак ҳиндуҳои панҷобӣ буда, аз Африқои Шарқӣ ба Бритониё муҳоҷират карда ва дар навбати худ волидони онҳо дар замони мустамлика аз Ҳиндустон кӯчидаанд. Маълумоти миёнаро дар мактаби хусусии бонуфуз — Коллеҷи Винчестер гирифтааст. Соли 2001 Коллеҷи Линколни Донишгоҳи Оксфордро хатм карда, дар он ҷо фалсафа, сиёсат ва иқтисодро омӯхтааст. Солҳои 2001-2004 дар Goldman Sachs (Голдман Сакс груп — яке аз калонтарин бонкҳои сармоягузории ҷаҳонӣ) кор карда, баъдан дар Донишгоҳи Стэнфорд дараҷаи магистрро соҳиб шудааст. Вай як ширкати ҷаҳонии сармоягузориро бо гардиши 1 миллиард доллар таъсис дод, ки ба дастгирии тиҷорати хурд дар Британияи Кабир тахассус дорад.

Дар соли 2015 ӯ дар интихоботи парлумонии округи Ричмонд (Йоркс) бо 51,4% пирӯз шуд, ки ҳамин нишондиҳанда барои муҳофизакорон дар интихоботи соли 2010-ум 11% ва бадтарин буд. 9-уми январи соли 2018 сарвазир Тереза Мэй тағйироти оммавии вазирони хурдро ташкил кард ва Риши Сунакро бори аввал ба ҳайси Ёрдамчии парлумонии Вазири манзил, ҷамоатҳо ва ҳукумати маҳаллӣ ба ҳукумат овард.

24-уми июли соли 2019 дар давраи ташкили ҳукумати Борис Ҷонсон Саркотиби хазина таъин шуда, дар ҳолати зарурӣ ҳуқуқи иштирок дар ҷаласаҳои Девони Вазиронро гирифт. 12-уми декабри соли 2019 ӯ дар ҳавзаи интихоботии худ бо 63,6% пирӯз шуд ва ба қавитарин рақиб, лейборист Томас Кирквуд (16,4%) шонс надод.

13-уми июли соли 2022 даври аввали интихоботи раҳбари ҳизб, ки пас аз эълони истеъфои Борис Ҷонсон ташкил шуда буд, баргузор шуд. Дар ин марҳила ба тарафдории номзадҳо вакилони муҳофизакор овоз доданд ва номзадҳое, ки дар ҷойи охирин монданд ва ё камтар аз 30 овоз гирифтанд, аз муборизаи минбаъда хориҷ карда шуданд. Риши Сунак пуштибонии 88 вакилро гирифт ва барандаи овозҳо шуд. Дар ҷойи дуюм бо 67 овоз Пенни Мордонт, дар ҷои сеюм Лиз Трасс қарор гирифтанд (50 вакил аз номзадии Лиз ҷонибдорӣ карданд).

14-уми июли соли 2022, аз рӯйи натиҷаҳои даври дуюм, се ҷойи аввал бо ҳамин тартиб тақсим карда шуданд, аммо ҳоло Сунак 101 овоз, Мордонт — 83 ва Трасс — 64 овоз гирифтанд.

20-уми июли соли 2022 дар даври охирини овоздиҳии вакилони парлумон Сунак 135 овоз гирифт ва дар якҷоягӣ бо Лиз Трасс (113 овоз) ба марҳилаи ниҳоӣ — овоздиҳии аъзои оддии ҳизб гузашт. 5-уми сентябр Лиз Трасс бо 57,4 фоизи овозҳо роҳбари нави ҳизби муҳофизакорон интихоб шуд. 20-уми октябри соли 2022 Лиз Трасс аз вазифаи сарвазир истеъфо дод. Ба ин муносибат дар охири моҳи октябр интихоби роҳбари нави ҳизби муҳофизакорон ва мувофиқан сарвазир таъин карда шуда буд. Шонси Риши Сунак барои пешвои ҳизб ва сарвазир шудан 50% ҳисоб карда шуд.

24-уми октябри соли 2022 ӯ раҳбари нави ҳизби муҳофизакорон ва ягона номзад буд, пас аз он ки Борис Ҷонсон ва Пенни Мордонт аз ширкат дар интихобот даст кашиданд.

25-уми октябри соли 2022 Сунак дар Қасри Букингем бо шоҳ Карли III мулоқот кард, ки ӯро сарвазир таъин кард ва ба ӯ дастур дод, то ҳукумат ташкил намояд. Сунак ҷавонтарин сарвазири Бритониё дар 210 соли охир аст.

Аз рӯйи эътиқоди динӣ Сунак ҳинду аст. Риши Сунак бо духтари ҳаммуассиси ширкати Infosys (ширкати ҳиндӣ, ки нармафзори фармоишӣ барои тиҷорати электронӣ ва тиҷорати телекоммуникатсионӣ таҳия мекунад) Нараяна Мурти Акшата издивоҷ кардааст. Моҳи майи соли 2022 Сунак аввалин сиёсатмадори сатҳи баланд гардид, ки ба рӯйхати сарватмандтарин одамони Британияи Кабир шомил шуд (сарвати ӯ ва занаш 730 миллион фунт стерлингро ташкил медиҳад, ки ин онҳоро дар ҷои 222-юм қарор додааст).

Таҳияи Т. ХУДОЙМУРОД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *