Роҳбари Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар Мастчоҳ аз корона вафот кард
Рӯзи 27 июн дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Қобилхоҷа Қобилов, собиқ роҳбари дастгоҳи ҳукумати ин ноҳияро ба хок супурданд. Қобилхоҷа Қобилов дар синни 64 аз бемории монанд ба коронавирус ҷон бохтааст.
Қобилхоҷа Қобиловро чун як нафари хеле бонуфуз ва обрӯманд дар Мастчоҳ мешиносанд. Аз ӯ 5 фарзанд монд, ки ҳамааш маълумоти олӣ доранд ва дуяш роҳбарии филиалҳои маҳаллии бонкҳоро ба ӯҳда дошта, якеи дигараш иқтисоддон, якеи дигар ҳуқуқшинос мебошанд ва боз як фарзанди дигараш дар идораи андоз кор мекунад.
Қобилхоҷа Қобилов 10 майи соли 1957 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи №3-ро дар ноҳияи Мастчоҳ ва соли 1978 риштаи роҳсозии Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – иқтисодчии соҳаи нақлиёт хатм кардааст.
Фаъолияташро ҳамон сол дар “Селхозтехника”-и ноҳияи Мастчоҳ оғоз карда, дар ин коргоҳ дар вазифаҳои устои таълими истеҳсолӣ, иқтисодчӣ ва муовини сармуҳосиб фаъолият доштааст. Ӯро соли 1985 ба кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист ба кор дахват мекунанд ва ӯ як муддат дар ин ҷо ва сипас дар мақоми мудири шуъбаи идеологии кумиҷроияи ноҳияи Мастчоҳ кор кардааст. Қобилхоҷа Қобилов солҳои 1991 – 1997 дар вазифаҳои сармутахассиси комиссияи банақшагирӣ, мудири шуъбаи иқтисоди комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳия ифои вазифа карда, сипас то соли 2003 раиси кумитаи идораи амволи давлатии ноҳияи Мастчоҳ буд. Ӯ солҳои 2003 – 2008 а соли роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия буд.
Аз соли 2016 то моҳи апрели 2017 сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва сипас то замони ба нафақа баромаданаш дар соли 2020 дар вазифаи мудири бахши рушди иқтисод ва савдо кор карда, пас аз нафақа рафтан роҳбарии Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳро ба дӯш гирифта буд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ