Роҳи Ишкошим баста шуд

КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругашт дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд.

КҲФ хабар додааст,ки шабонарӯзи гузашта дар роҳи мошингари Хоруғ — Ишкошим 16 ҳодисаи фаромадани тарма сабт шудааст ва корҳои тозакунии роҳ аз ғарами барф идома дорад.
Дра хабар омаддаст,ки масири мазкур, бинобар боришоти шадиди барф ва фаромадани тарма рӯзи 21 феврал баста шуд ва рӯзи 23 феврал барои чанд муддат роҳ боз буд.
Барои тоза кардани барфтӯдаҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кардааст, то пайомадҳои ин офат бартараф карда шаванд. Ҳоло корҳои поксозии роҳ идома доранд. Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.
Ҳамзамон Кумитаи мазкур бо сабаби бад шудани вазъи ҳаво аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругашт дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии сафарҳои худ аввал дар бораи вазъи роҳҳо иттилоъ пайдо намуда ва баъдан ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *