Роҳкиро дар автобусҳои Хуҷанд бо корт шуд

Дар маросими роҳандозии ин иқдом Аюб Раҳматзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони ширкати «Авесто гуруҳ» ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд.

“Минбаъд хизматрасонӣ дар автобусҳо тариқи кортҳои электронӣ сурат гирифта, нафароне, ки корт надоранд муваққатан давоми то 10 руз бо усули нақдӣ роҳкироро пардохт хоҳанд намуд”,-гуфт Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд.

Номбурда таъкид намуд, ки шаҳрвандон минбаъд метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, марказҳои тиҷоратӣ ва ё худ бевосита аз ронандагон дастрас намоянд.

Ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта, онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода месозад. Мусофир қабл аз ворид шудан ба автобус корти роҳкироро дастрас намуда, ҳангоми ворид шудан ба воситаи нақлиёт онро болои валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ дар табло калимаи «Хуш омадед» ва дар сурати набудани маблағи зарурии пардохт дар корт истилоҳи «қабул нашуд» пайдо мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат хоҳанд кард. Дар сурати надоштани корт мусофир метавонад маблағи роҳкироро ба назоратчӣ пардохт намуда, аз ӯ корт гирад.

Кортҳои имтиёзнок барои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, маъюбон, наврасонӣ то 12 сола ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда то 50 фисад иимтиёз пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *