Роҳкиро дар Душанбе. Аз арзиши аслӣ то тахфиф дар City Card
Аз 10-уми ноябри соли равон арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе боло меравад. Дар робита ба ин тарифҳои City Card низ тағйир меёбанд.
Нархи роҳкиро дар Душанбе чунин хоҳад шуд:
— автобус – 1 сомонию 80 дирам бо пардохт тариқи корт (бо пули нақд – 2 сомонию 5о дирам);
— троллейбус – 1 сомонию 50 дирам бо корт (2 сомонӣ бо пули нақд);
— микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 2 сомонию 50 дирам;
— як километри роҳкиро дар таксӣ — 3 сомонӣ.
Тахфифҳо барои донишҷӯён ва наврасон
Ғайр аз ин, дар City Card тарифи бо тахфиф барои донишҷӯён ва наврасон вуҷуд дорад.
«Наврас» — дар автобус – 90 дирам, дар троллейбус – 75 дирам. Ин тарифҳо барои кӯдакони синни аз 5 то 12-сола пешбинӣ шудааст.
«Донишҷӯ» — дар автобус – 1 сомонию 26 дирам, дар троллейбус – 1 сомонию 5 дирам. Ин тарифҳо барои донишҷӯёни макотиби олии пойтахт пешбинӣ шудааст.
«Тахфифӣ» — дар автобус – 1 сомонию 53 дирам, дар троллейбус – 1 сомонию 28 дирам. Тарифи мазкур ҳангоми пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.
Ҳамчунин, дар City Card метавон чиптаи нимсола ё яксолаи роҳкиро дар автобус ва тролеейбусро харидорӣ намуд. Акнун ин чиптаҳо бо тарифҳои зерин фурӯхта мешаванд:
Барои 6 моҳ:
- мактабхон – 150 сомонӣ;
- донишҷӯ – 200 сомонӣ;
- шаҳрванд – 300 сомонӣ.
Барои 1 сол:
- мактабхон – 200 сомонӣ;
- донишҷӯ – 350 сомонӣ;
- шаҳрванд – 500 сомонӣ.
Корти ягонаи City Сard –ро метавон дар терминал ё фурӯшгоҳҳои воқеъ дар назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии Душанбе харидорӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ