Роҳнамои каронавирус кист? Ё чаро ӯ бештар зиёиёнро мекушад?
Аз оғоз то ба имрӯз чун ба панҷаи маргзову хунолуди каронавирус менигарам, ба назар чунин менамояд, ки ӯ чун нозуктабъони олам фақат майл ба беҳтарин луқма иштиҳо боз намудаву танҳо луқма аз дастурхони пок мебардорад.
Чаро? Магар ин вабои маргзо ягон роҳбаладе дорад, ки тибқи дастуру фармоиши он доси аҷали худро ба сари сабзаҳои гулафшону хушаҳои пурбор дароз карда, онҳоро медаравад, ки рушд нанамоянд. Оҳ ин коронавируси палиду одамхӯр магар дигар аз хӯрдани одамӣ серӣ надорад, ки панҷа ба дарҳо зада дар ҷону рамақи инсонҳо тарсу ларзро ба вуҷуд меоварад. Чун саҳифаи ин ё он шабакаи иттилотиро боз мекунӣ, корбарони он аз даргузашти ин ё он бузургмардону бонувони фазилатогоҳ изҳори нигаронӣ кардаву як панҷа дарду ҳасратро рӯи саҳифаҳо коштаанд.
Дар чанд моҳи охир аз панҷаи маргборӣ ӯ шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, шоир Сафар Маҳзуни Аюбзод, ҷонишини вазири фарҳанги Тоҷикистон, олим, дотсент Қурбоналӣ Абдураҳимзода, олими шинохта ва забоншиноси забардаст, профессор Баҳриддин Камолиддинов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саври Сабзааллиева, дотсент, устоди кафедраи телевизон ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ Дустмурод Бобоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷаб, табибони ҳозиқ, профессорон Нигина Шаропова, Фарида Мансурова, Фарзон Маъмур собиқ директори ширкати “Babilon Mobile” ва писари ягонаи Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур…. ва боз даҳои дигар, ки аз аҳли илму фарҳанги Тоҷикистонанд аз дасти маргзои ин вабои аср ҷоми шаҳодат чашидаанд.
Ва ин амали носавоби коронавируси бадзотро дида, гоҳо пирони дарманди болои бистар рӯ ҷониби дар оварда бо ҳасрат мегӯянд:
Дами дар маргро интизорӣ мекашам, аммо,
Ӯ маро фаромӯш карда, ба кӯйи дигаре рафтаст.
Аммо, ин амри худи Он тавонгар аст, ки дар назди қудрату тавонаш ҷумла олам лол монда. Ва ёдам омад ҳамон як суҳбати кӯтоҳи телефонии файласуф, академик Акбар Турсон, моҳи октябри соли гузашта, дар арафаи зодрӯзашон, ба «Азия-Плюс» дар посух ба суоли оид ба коронавирус чӣ андеша доред, чунин посухи фалсафӣ дода буданд.
«Коронавирус – аксуламали табиат мебошад. Дар муқобили ҳаракатҳои инсон ба муқобили табиат. Инсонҳо истисмор карда, мехоҳанд табиатро зери фармони худ гиранд, лекин табиат қонунҳои худро дорад ва мо аксари он қонунҳоро намедонем».
Ва тамоми олам сари андешаи он ки бо ин вабои пурдаҳшати аср чӣ гуна биҷанганд?! Аммо ғофил аз он ки авҷгирии ин бало исбот намуд, ки он ҳама дағдағаву сару садаҳои кишварҳои абарқудрат сари он ки мо тавонгарем, мо андар қариб муаммои “банди аҷал”- ро кушодем ва рушди илм дар кишварҳои мо ба фалак дакка мехурад, ҳама арзише назди ин муаммои умумибашариро надорад. Охир худ қазоват, кунед, ки чи гуна ин абарқударткишварҳо назди КОРОНАВИРУС зону заданду музлам монданд!!!
Бӯстонафрӯзи САЙИД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ