Роҳнамои миллати Тоҷик
Хидмат ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ сершоха мебошад. Устодро мисли як сарлашкари оқилу тавонои аҳли қалам ҳамеша дар сари ҷабҳа мебинед. Кашмокаш ва гирудори ҷонсӯзонаи устод мудом дар роҳи исботи ҳастии миллати тоҷик, таъриху фарҳанги қадима ва адабу расму оинҳои хоси он мебошад.
Агар дар тӯли таърих, фаразан аз асри даҳ инҷониб, ба фаъолияти шахсиятҳои бузурги адабиву фарҳангиамон нек бингарем, худ ба худ иқрор мекунем; ҳеҷ як фард чун устод Айнӣ барои ормонҳои миллӣ, ҳифзи ному нанг ва фарҳанги он бо бадхоҳони ҷаррору оштинопазир дар муборизаи воқеӣ набудааст. Уламо ва удабои намоён сари он ақидаанд, ки шароити таърихӣ устод Айниро ба майдони мубориза овард ва ин вазифаи душворро бар дӯши эшон гузошт. Бигзор ҳамин тавр ҳам бошад. Аслан айёми хунрез ва марҳилаи ҳаллу фасли сарнавишти миллат тамоми зиёиёнро баҳри ҳифзи шараф ва нангу ор ба майдони мубориза хондааст. Аммо на ҳамаи онҳо парчами роҳнамоиро ба даст гирифта, дар муқобили душманони илму фарҳанг шермардона сина сипар кардаанд. Ва таърих гувоҳ аст, ки бархе аз фарзандони «номӣ»-и миллат, ки дар илму дониш худро аз Айнӣ боло меҳисобиданд, ба умеди ҷоҳу ҷалол ва луқмаи лазизу равғанӣ рӯи фарҳанги ҳазорсолаи аҷдодон по ниҳода, ба хизмати рақибон камар бастанд ва хоинона ба устод Айнӣ дарафтоданд. Таҳаммули сангандозӣ ва хиёнати ҳамхун, пойдорї дар сари имон ва ҷабҳаи мубориза ҳамеша ҷоми устод Айниро аз шаҳди пирӯзӣ лабрез кардааст. Дасти тавонои устод Айнӣ, дар ҳолате ки ҳалқаи дурушти каманди ифлоси рақибон дар гулӯи миллати тоҷик танг мешуд, онро бераҳмона меҷафид, ба имдод расид ва ин ҳалқадавакро моҳирона барканд. Дар ин сангар, дар ин часпу талош сипар, муттако ва мададгори устод рӯҳи бузургони миллат ва шоҳкориҳои эшон дар бахши адаб, илм ва сиёсати давлатдорӣ шуда.
Агар ба тақдири забони модариамон нигарем, мебинем, ки он чун сарнавишти мардумон ҳамеша печида ва пуршебу фароз будааст. Замоне ин забон ба тамоми ҷилои сарватҳояш тахти салтанат дошт ва овозаи ҳусну шукӯҳаш то ҳанӯз оламгир аст. Чун суқути давлат ва таназзули миллат фаро расид, забон низ андак-андак рӯ ба харобӣ овард, ҳарчанд ки дар муқовимат бо сахттарин ҳодисаҳои таърих аз ҳама беш забони мо ҷонсахтӣ ва пойдории хешро собит кард ва то ба имрӯз чун посбони беҳамтои миллат боқӣ монд. Вале забони тоҷикӣ чун посбони беназир ва сарчашмаи бақои миллат то ҷовидон қаҳрамон мемонад. Аммо як чиз мусаллам аст: вақте давлат ба дасти аҷнабӣ меафтад, хоҳу нохоҳ забонаш бо унсурҳои бегона олуда мешавад ва батадриҷ истиқлолияти худро аз даст медиҳад.
Дар ҳамин хел айёми харобшавии фарҳанг дар қаламрави Бухоро ба бахти мардуми мо устод Айнӣ бар сари гаҳвораи нимвайронаи забон нишаст. Ва эшон чун ворису посбони фарҳанги ҳазорсола дар он замони хунрезу пурмоҷаро дар ин роҳ мардона камари хидмат баст, зеро амиқ медонист ва хеле дақиқ дарк карда буд: танҳо эҳёи фарҳанг, бахусус забону адаб, бақои ҳастии миллатро таъмин менамояд. Ба ростӣ, дар ин ҷабҳа аз аҳди Исмоили Сомонӣ то қарни мо ҳеҷ як донишманд барои исботи ҳастии миллат, забон, адабу илм ва фарҳанги мардуми худ, мисли устод Айнӣ, ҷонбозӣ ва часпу талошҳо накардааст. Вақте ки мухолифон аз минбару матбуот бешармона ба рӯи миллату забони тоҷик хати сиёҳ кашиданд, устод Айнӣ бо дили нур эълон дошт: «Тоҷикон забони ҳазорсолаи худро доранд ва ин забон давом хоҳад ёфт». Бале, маҳз Айнӣ бандаи фиребу найранги аҷнабиён нашуд ва аз ҷони худ наҳаросида, бо душманони забону адаби тоҷик ба муборизаи рӯирост бархост. Ва дар ин ҷабҳадорӣ дониш, ақлу заковат ва тамкину нияти хайр пирӯзаш сохт. Инро насри фасеҳу доманадор, тадқиқотҳои басо аҷоибу ҳадафнок, мақомот ва андешаҳои бикру огоҳсозонаи устод собит менамояд. Ба донишмандони гиромӣ пӯшида нест, ки охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ забони мо аз калима ва таъбиру ибораҳои аҷнабӣ хеле махлут, печида ва дандоншикан шуда буд. Дар айёми нав софкорӣ ва оммафаҳм кунонидани забон ба миён омад, ки ин тадбир хеле зарур ҳам буд. Дар ин марҳила устод Айнӣ чун пешоҳанги ин ҳаракат ба саволи «Забони оммафаҳми тоҷик чист? Чунин посух дод: «Забони оммафаҳми тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳҳо, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасал ва дигар бобатҳо хусусияти рӯҳи забони тоҷик риоя карда шуда бошад».
Фармудаҳои устод, бешубҳа, роҳнамо ва дастури муфиде буданд барои ҳаводорони илму фарҳанг ва онҳое, ки ба забону адаби миллат сари кор доштанд. Њанўз соли 1926 устод дар мақолаи «Матбуоти тоҷик» навиштааст: «Ҳар муҳаррир ва мухбире, ки барои рӯзнома мақола ва хабар менависад, дар навиштаҳои худ луғату забони ҷои бошиши худро мувофиқи қоидаи форсӣ ба кор бурдан гирад, дар натиҷа рӯзнома як сарчашмаи луғати мардум хоҳад шуд. Аз ин луғату истилоҳҳо аз ҳама пеш бештар нависандагони тоҷик фоида бурда, ба сармояи адабии худ хазинаҳо хоҳанд афзуд».
Магар ин даъвати оқилона ва дурандешона нест?
Чандест, ки ба ду ҷиҳат аз устод Айнӣ ҷурм меҷӯянд: яке сода кардани забон, дигаре табдили алифбо. Ба гумонам, сода ё оммафаҳм кардани забон дар он айём барои ҷомиаи мо ҳодисаи мусбат буд. Чунки услуби печида, дурушт ва пур аз таъбиру ибораҳои дағали аҷнабӣ (мас: арабӣ ё маҳлути забони ӯзбекӣ) барои саводнок шудани мардум созгор набуд. Аз ҷониби дигар ин кӯшиш барои софкории забони мо мусоидат ҳам кард. Ва устод Айнӣ он гоҳ чунин дастур додааст: «…бояд нависанда ба дараҷае сода ва оммафаҳм нависад, ки ҳар хонанда гуфтаҳои ӯро равшан фаҳмад ва дар айни замон навиштаҳои ӯ мувофиқи қоидаҳои забон буда, дилчаспу шавқангез барояд».
Аз ин пора, чунонки мебинем, ният ва ҳадафи устод Айнӣ нек аст. Ва даъвати сода ва оммафаҳм кардани забонро аз ҷониби эшон масалан, ба сатҳи гуфтугӯи авомона ва кӯчаву бозор фаҳмидан хандаовар менамояд. Ва нависандае ба ин роҳ рафта, яъне бо услуби гуфтугӯи кӯчаву бозор асар навишта бошад, айби нотавонӣ ва кундфаҳми ӯст, на аз устод Айнӣ. Умуман масъалаи сода кардани забонро аксари донишмандон мусбат ва муфид шумориданд ва ман онро чун кӯшиши софкории забон мепазирам.
Чунон ки мегӯянд, ба як гул баҳор намешавад. Барои ба манфиати забон ва осори хаттӣ истифода бурдани ҷараёни сода ва оммафаҳм кардани забон бояд шахсиятҳои тавонои дигари фарҳант, амал мекарданд. Дар ин ҳолат тир ба ҳадаф мерасид. Дар ин хусус хулосаи академик М. Шакурӣ ҷолиб аст: «Монеаи асосӣ бетаҷрибагии кадрҳои нави маданият дар истифодаи имкониятҳои забони адабӣ буд». Лекин худи устод Айнӣ аз каҷфаҳмии сода ва оммафаҳм кардани забон ба танг омада, дар номае бо сӯзу гудоз ба устод Лоҳутӣ нигоштааст: «Акнун ман намедонам, ки бо ин «Роҳбарони забони тоҷик» чӣ кор кунам? Онҳо забони адабии классикро нафаҳманд ва забони зиндаи халқро надонанд ва маҷбур кунанд, ки «чизе навис, ки ман фаҳмам». Дар ин сурат вой бар ҳоли ману монанди ман».
Албатта, масъалаи табдили алифбо фоҷиаи сангини миллати мост. Вале, ба назари мо, табдили алифбо кори сиёсати замон буд ва устод Айнӣ мехост – намехост алифборо дигар мекарданд. Охир қариб дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ алифбо дигар шуда буд. Ва ҳақ ба ҷониби Манофзода мебошад, ки дар ин маврид гуфтааст: «Алифбои нав бо зӯри шамшер омада буд» Ин фоҷиаро ишораи шоири маорифпарвар Абдулвоҳиди Мунзим рӯшантар месозад. «Адабиёт (адабиёти навин дар назар аст А. С.) барои пирон баъди табдили алифбо бегона гардид». Гуфтаҳои боло собит мекунанд, ки хори ин туҳмат ҳаргиз ба домони устод Айнӣ намечаспад.
Ҳар боре ман эроду хӯрдагириҳоеро ба заҳмату шахсияти устод Айнӣ мешунавам, суханҳои донишманди бузурги Эрон устод Анҷавии Шерозиро, ки аз дӯстону ҳамсафони наздики адиби забардаст Содиқ Ҳидоят буд, ба ёд меорам. Алии Деҳбошӣ – дӯсти фарҳангу адабиёти тоҷик, сардабири маҷаллаи «Бухоро» (қаблан “Килк”)моро ба зиёрати ин пири хирад мушарраф гардонд. Ва чун суҳбат аз Садриддин Айнӣ оғоз ёфт, дар чашмони пиронаи устод Анҷавии Шерозӣ нури шодмонӣ дурахшид ва гуфт:
-Айнӣ бузургмарди донишманде буда. Бале, банда ба «Ёддоштҳо»-и эшон ошно шудаам. Чӣ насри бе такаллуф, шевову равон, чӣ забони хушобу ранги порсӣ! Аз баъзе осори пурарзиши илмии эшон низ огоҳам… Инро ҳам бояд ба шумо арз бикунам, ки дар олами форсӣ мо чунин мардони боҳунар, фидоӣ, ҷонсӯзи фарҳангу миллат кам будаанд. Афсӯс, ки асарҳои Айнӣ пурра ба дасти мо нарасида…
Ин баҳои холисонаи хирадманди Эрони бузург аст ба аллома Айнӣ. Ва ин мушти обдорест ба нотавонбинони устод Айнӣ. Сано бод ба он заргар, ки кадом зар бидонад»
Агар ба рафти замон холисона назар афканем ва фаъолияти уламои илми забон, хосатан онҳоеро, ки сарфу навҳи навинро аз қолибҳои бегона ба чорчӯбаи тоҷикӣ рехтаанд, дар тарозуи нисоф баркашем, сарчашмаҳои ғализу дуруштшавии забонамон падидор мегарданд. Ин ҳолат аз солҳои сӣ то шаст хеле ривоҷ доштааст. Кор ба дараҷае расид, ки соли 1951 Бобоҷон Ғафуров чун муншии аввали ҳизб дар ин масъала бонги изтироб зад: «Коркунони илмӣ, — менависад ӯ, — бо баҳонаи такмил додан ва револютсионӣ кунондан грамматикаи забони тоҷикиро вайрон менамуданд ва бо баҳонаи бо забони халқ наздик кунонидани забони мо забони адабии тоҷикро бо профинсиалзим (музофотгароӣ А.С.) ифлос мекарданд».
Забон дард ва ҷон ҷони устод Айнӣ будааст. Ва рафти инкишофи забон, муносибати қувваҳои мухталиф ба он ҳамеша дар мадди назари устод меистод, ҳарчанд ки эшон чун шахси мададрасида ё аз илм ва обу ҳавои «инқилоби забон» камогоҳ мудом зери назорат ва тафтиши муҳаррирону ҳадафи сарзаниши мунаққидони ҷавон будааст. Бо вуҷуд устод нисбат ба ягон масъалаи баҳсталаби забон бетараф наистода, фикри хешро рӯйрост баён кардааст. Аз ҷумла, соли 1928 дар бораи умумияти забони форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ чунин менигорад: «Як тоҷик ё як эронӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро чӣ қадар фаҳмида, дӯст дошта хонад, ҳамон қадар ҳам асарҳои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Исмати Бухороӣ, Сайфи Исфарангӣ ва монанди инҳоро фаҳмида ва дӯст дошта мехонад».
Устод Айнӣ таъкид мекунад: «Мантиқ илмест, ки донандаи он мувофиқи ақл сухан мегӯяд ва менависад. Мантиқ меъёри сухан ва суханронист хусусан барои нависанда. Нависанда бояд бо маҳаки мантиқ сақат ё сиҳати фикри худро худаш пеш аз навиштан ва гуфтан санҷад». Вале имрӯз харобӣ ва бемантиқии сухан дар матбуот, радио ва телевизион, дар навиштаҳои мо зиёд ба назар мерасад, ки дар ин ҷурми устод Айнӣ набуда, гуноҳи коҳилӣ ва нодониву бемасъулиятии қаламбадастон аст.
Устод Айнӣ дар ҳолати хориву афтодагии миллати мо чун атои Худованд ба майдон баромад. Ва ин баҳри беканори илму дониш ва адабу фаҳмиш ба шодоб сохтани замини харобгардидаву сӯзони фарҳанг пардохт. Вале бо чӣ тамкине, бо чӣ шикастанафасие ва муҳаббату самимияте. Ӯ ҳанӯз дар ибтидои фаъолияти худ эълон доштааст. «Бухорои давраи охирро бе мардони фозил, донишманд ва тараққихоҳ гумон накунед. Дар Бухорои давраи охир ҳам ин қабил мардон кам набуданд, аз ман хеле ва хеле зиёдтар буданд, аммо онҳо барои ба роҳ андохтани истеъдодашон, барои ба кор бурдани дониши худ имконият пайдо карда наметавонистанд. Ҳар истеъдод барои намоёндани худ заминае лозим дорад. Чун заминаи мусоид ва парваранда набуд, мардони соҳибистеъдод ношукуфта, пажмурда нобуд мегардиданд. Октябр ба сабзиши ман замина ба вуҷуд овард».
Хидмати устод Айнӣ ба забону адаби мо пурарзиш аст. Инро аз тадқиқотҳои сари дастии эшон дар хусуси устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ Ибни Сино, Шайх Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Мавлоно Восифӣ, «Чор дарвеш» ва ғайра метавон пай бурд. Вай дар ҳар тадқиқоти худ, албатта, ба масъалаи покизагии забон ё поксозии забони «Шоҳнома» ва дар гуфтугӯи мардуми тоҷик фаровон истифода шудани луғот, ибора, вожаҳои ин шоҳасар ба маънои аслиашон таъкид мекунад. «Сар то пои он (яъне, «Шоҳнома» А.С.), — менависад устод Айнӣ, — ба оммаи тоҷикон фаҳмост: балки бештарини онҳо имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешавад». Ё дар хусуси ба забони модарии худ асари илмӣ таълиф кардани Шайхурраис ишора карда, таъкид менамояд: «Ӯ ба ҷои «ҷамъ» «гирд» менависад, ба ҷои «ашё» «чизҳо», ба ҷои «мизон», «тарозу» менависад ва дар мусиқӣ аз «созӣ» — ва «носоз»-и овозҳо гап мезанад ва «мо фавқ –ут-табиа» ё ин ки «мо баъд –ут-таби»-ро «берун аз табиат» мегӯяд». Ва қобилияти забони илмӣ шудани забони форсӣ-тоҷикиро нишон дода тавонистааст. Аз эҳтимол дур нест, ки устод Айнӣ бо ин ишора диққати зиёиён, аҳли илму сухан ва ҷавононро ба софкории забони модарӣ, оқилона истифода кардани ганҷинаи бепоёни он даъват кардааст. Устод Айнӣ дар хотимаи «Намунаи адабиёти тоҷик» мақсад ва ормони хешро возеҳтар баён намуда, ҷавононро ба майдони ҳунар, хидмати адабу фарҳанг мехонад. «Мо гӯшт, равған, биринҷ, сабзӣ, пиёз ва соири моялзами (лозимӣ, резавор. А.С.) ошро омода кардем. Акнун ҷавони ќобиле даркор аст, то ки қобилпазӣ кунад».
Як нуктаро хонандаи имрӯз дар мадди назар дошта бошад: ҳар чизе устод таълиф мекард, ҳатман ба хурдагирӣ ва танқиду сарзаниши «босаводони ҷавон» дучор меомад. Ба таълифоти эшон бештар тобиш ва баҳои сиёсӣ медоданд. Масалан, устод доир ба моҳияти «Чор дарвеш» мегӯяд: «Китоб як хазинаи пурқимати забони адабии классики сода аст, ки ҷавонон метавонанд ба қадри ҳиммат ва хоҳиши худ аз ин хазина ҳиссаҳо бардоранд». Аммо тезқалами ҷавоне ҳамон солҳо дар ҳаққи ин шоҳасари адабиёт ва хидмати устод Айнӣ чунин ҳукм бароврадааст: «Чор дарвеш» на фақат асари классикӣ нест, балки асари зиддихалқӣ ва зиддиилмӣ аст».
Ин манзара ва ҳолати ногуворро андешаҳои ховаршиноси маъруф Бертелс оид ба «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Айнӣ, ки бемуҳобот аз корҳои арзишманди устод аст, рӯшантар месозад. Вай соли 1939 ин луғатро «шоҳкории нав» номида, хеле боэҳтиёт «нуқсон»-ҳои ҷиддии онро хотирнишон месозад. «Дар луғати шумо, — менигорад ӯ, — бо ҳам сарват, ки дороии он аст, калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ ёфт намешавад». Ва ӯ таъкид мекунад: «Метарсам, ки ин китоб дар ҳамон шакли ҳозирааш аз чоп барояд, баъзе танқидчиёни мушикоф як ҳаёҳуе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони тоҷикӣ ҳастед ва дигар ҳамин хел музахарафот». Хонандаи ҳушманд медонад, ки дар он замони моҷаропарвар, ки аҳли сухан, ба таъбире «дӯғро пуф карда мехӯрд» ин ишора чӣ маънӣ дошт. Дар ҳар сурат, устод Айнӣ солҳое, ки чун сипаҳсолори адабу фарҳанги тоҷик ҳадафи таҳдиди бадхоҳон қарор дошт, дар масъалаи нигоҳ доштани асолати забон ва ҳамрешаву як будани фарҳанги тоҷику форс аз сари имон заррае дур нарафт. Имрӯз, фаразан, аз устод Айнӣ сохтани як нависандаи модерну усулббоз, ба хиёли банда, кӯшиши беҳуда менамояд. Аммо вай чун шахсияти бузурги фарҳангӣ, донишманди забардаст, адиби хушкалому соҳибистеъдод ба ягон дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Ва неруи истеъдоди устод дар пояе қарор дошт, ки метавонист дар ҳама сабкҳо асари хонову воло биофарад. Масалан, агар эшон танҳо дар наср қувва меозмуд, масъала ранги дигар мегирифт. Вале паҳно ва серҷабҳагии эҷодиёти эшон, — дар лаҳзаи доғу зарур ӯро чун муаррихи ҳамадону тавоно, ҷое сиёсатмадори дурандеш, донишманди ҳақгӯй ва муҳаққиқи дилсӯз, ҷое рӯзноманигори оташинсухан ва муборизи роҳи адолату инсоф мебинем, – ба ин моне шуда. Вале он чиз мусаллам аст, ки устод Айнӣ, чун муаллифи нахустин қиссаву румонҳои дилангез корвонкаши насри навини мост. Ва ҳақ ба ҷониби устод Мирзо Турсунзода мебошад, ки гуфтааст: «Агар хидмати адабиву илмӣ ва фарҳангии устод Айниро дар як палаи тарозу, хидматҳои ҳамаи моро дар палаи дигар бигзорем, мебинем, ки хидмати устод хеле ва хеле зиёд аст». Ин баҳо ҳаққонист ва устод Айнӣ ҳамеша ба ин баҳо сазовор аст.
Ин ҷо заррае аз хидмату талошҳои устод зикр шуд. Танҳо заррае…
Абдулҳамид Самад
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ