Роҳбари нави Ӯзбекистон Неъматулло Юлдошев кист?

Дар асоси  моддаи 96-и Конситутсияи Узбекистон раиси Маҷлиси миллӣ (Сената Олий Мажлиса) то 3 моҳ кишварро идора мекунад ва дар ин муддат бояд интихоботи Президентӣ баргузор карда шавад.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки аллакай ин чиз ба расмият даромада, Юлдошев роҳбарии кишварро ба даст гирифтааст. Неъматулло Юлдошев, 5-уми ноябри соли 1962 дар шаҳри Тошкент ба дунё омадааст. Соли 1985 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Узбекистонро хатм кардааст. Фаъолияташро ҳамчун муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Юнусобод оғоз карда, дар Прокуратураи генералии Узбекистон фаъолияташро давом додааст. Баъдан Юлдошев дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Узбекистон ва сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои андозӣ ва пулии ин кишвар кор кардааст. Моҳи июни соли 2011 ӯ вазири адлияи Узбекистон таин шуд. Моҳи январи соли 2015 бо фармони Ислом Каримов ӯ вакили Маҷлиси олии Узбекистон таин шуд. Моҳи феврали ҳамон сол вакилон ӯро раиси Маҷлиси олӣ интихоб карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *