Роналду ба Аврупо бармегардад
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, эҳтимол аст дар мавсими оянда футболбози португалӣ Криштиану Роналду ба Аврупо баргардад.
Гуфта мешавад, ки дастаи “Бавария” ба Криштиану Роналду таваҷҷуҳ дорад ва эҳтимол аст футболбоз дар мавсими оянда ба он ҷо равад. Албатта, маълум аст, ки бошгоҳи “Бавария” он маошеро, ки Роналду мехоҳад, пардохт карда наметавонад, вале тибқи иттилои расонаҳо, як соҳибкор бо номи Маркус Шон гузариши Роналдуро ташкил мекардааст.
Ҳамчунин, маълум аст, ки соҳибкори номбурда мухлиси Криштиану Роналду аст ва ба ҳар васила мехоҳад футболбози дӯстдоштааш дар “Бавария” бозӣ кунаду чемпионати мазкурро боз ҳам машҳуртар намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ