Роналду ва Ҷорҷино ҷудо мешаванд?

Расонаҳои хориҷӣ аз қавли журналистони португалӣ навиштанд, ки Криштиану Роналду аз баъзе рафтори дӯстдухтараш Ҷорҷино розӣ нест.

— Муносибаташон хуб нест. Эҳтимол аст, ки онҳо ҷудо мешаванд, ба гумони ғолиб ба ҷойи тӯй кардан, аз ҳам ҷудо мешаванд,- гуфтааст журналисти португалӣ Даниел Насименту.

Гуфта мешавад, ки Ҷорҷино бисёртар ба харҷи пул банд шуда, аз меъёр зиёд ба мағозаҳо барои харид кардан меравад, ки ин ҳолат футболбозро нороҳат кардааст.

Ҳамчунин, ҳолати мазкурро дар филми ҳуҷҷатие, ки доир ба ҳаёти Ҷорҷино қисса мекунад, дидан мумкин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *