Роналду “Ювентус”-ро ба суд медиҳад?
Футболбози 37-солаи португалӣ, ки дар ҳоли ҳозир ҳамлагари бошгоҳи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ мебошад, гуфтааст, барои ба суд додани дастаи “Ювентус” омода аст.
Масъала ин аст, ки дар вақти пандемияи коронавирус роҳбарияти даста барои камтар пардохт кардани андоз футболбозонро розӣ кардааст, ки расман маошашонро кам кунад ва баъдан бо роҳҳои дигар онро пардохт мекунад.
Вале Роналду хабар дод, ки то ҳол даста аз ӯ 20 миллион евро қарздор аст ва омода аст ба суд муроҷиат намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ