Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон мехоҳанд эътилофи сеҷониба таъсис диҳанд
Владимир Путин ба Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод кардааст, ки байни Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон эътилофи сеҷониба таъсис ёбад.
Гуфта мешавад, Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 28-уми ноябр дар мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин гуфтааст, ки президенти Русия Владимир Путин ба вай пешниҳод кард, эътилофи сеҷонибаи Русия, Қазоқистон ва Узбекистон таъсис ва масоили бахши газ ҳал шавад.
«Имрӯз бо Владимир Владимирович дар бораи он суҳбат кардем, ки як навъе эътилофи сеҷониба зарур аст ва ӯ тасмим дорад, ба президенти Узбекистон занг занад. Мо ҳам бояд вориди ин мавзуъ шавем, то ин ки ба натиҷаҳои мусбат ва созиш расем», — гуфт Тоқаев.
Вай афзуд, дар доираи ин эътилоф масоили бахши газ баррасӣ хоҳанд шуд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо сафари расмӣ вориди Русия шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ